Ҷалби сармояи Амороти Муттаҳидаи Араб ба бахшҳои гуногун дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

Октябрь 27, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 27.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябри 2025 дар шаҳри Абу Забӣ мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Мудири иҷроияи ширкати сармоягузории «Мубадала»-и Амороти Муттаҳидаи Араб Бахит Ал-Касирӣ доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд, зимни вохӯрӣ зарурати таҳкими мушорикат ва ҷалби сармояро дар бахшҳои энергетика, саноат, истихроҷи маъдан, нақлиёт, инфрасохтор, низоми бонкдорӣ, технологияҳои пешрафта, тандурустӣ ва рушди устувор таъкид карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин барои татбиқи лоиҳаҳои марбутаи сармоягузорӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб

Октябрь 27, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд