Ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 08.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Саммити «Осиёи Марказӣ — Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқоти Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода бо Вазири мудофиаи Федератсияи Русия Андрей Белоусов баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар оғози суҳбат аз ҳамкории сатҳи баланди вазоратҳои мудофиаи ҳарду кишвар, ки аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бар меояд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор дода, аз идомаи ҳамкории минбаъда дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ изҳори умед намуданд.
Дар идома ҳамчунин масъалаҳои таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон











Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






