«Амонатбонк» дар доираи панҷсолаи рушди иқтисоди рақамӣ конфронси илмӣ-амалӣ баргузор намуд

Октябрь 2, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 02.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидани солҳои 2025-2030 дар шаҳри Душанбе  дар мавзуи «Рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия тақозои замон аст» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк».

Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз созмондиҳандагони конфронси илмӣ-амалӣ  буданд.

Бо мақсади дар ҷомеаи Тоҷикистон фарогир шудани тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2025-2030-ро Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуданд.

Роҳбарияти «Амонатбонк» иброз намуд, ки «имрӯз мо дар давраи тағйироти босуръати рақамикунонии ҳама соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат, ки барои тақвияти иқтисод ва фароҳамсозии дастрасӣ ба хизматрасонии молиявӣ зарур аст, қарор дорем. «Амонатбонк» ҳамчун институти молиявӣ дарк мекунад, ки дар ин марҳила таҳкими субот, бехатарии низомҳо ва муҳайёсозии замина барои навоварӣ ва дастгирии лоиҳаҳои рақамӣ афзалият дорад».

Таъкид гардид, ки бо қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» дар рақамикунонии равандҳои тиҷоратии соҳавии муассисаю ташкилоти давлатӣ таҳаввулоти муҳим ба вуҷуд омад. Дар ин замина фаъолияти ҳамоҳанги ҳама ҷонибҳо — давлат, бахши хусусӣ ва институтҳои молиявӣ тавассути ҳамраъйӣ ва эҷодкорӣ ба тақвияти иқтисоди рақамӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Дар конфронс  намояндагони вазорату идораҳо, Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилоти қарзӣ, ширкатҳои операторони мобилӣ ва ширкатҳои инноватсионии IT- технологияҳо дар мавзуъҳои «Тамоюли рушд», «Пардохтҳои ғайринақдӣ – яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисоди рақамӣ», «Инноватсия дар заминаи Корти миллӣ:Tap to Phone қадами стратегӣ» ва «Иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, дурнамои рушди он»  маъруза намуданд.

Давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба дастгирии неруи илмӣ, таҷдиди соҳаи илм ва ба самти ҳалли муаммоҳои иҷтимоию иқтисодӣ равона кардани он якчанд тадбир  андешида шуд. Дар мамлакат таҳкими неруи илмию техникӣ ҳамчун яке аз шартҳои зарурӣ дар такмили иқтисодиёт ва гузариш ба роҳи инноватсионии рушд самти афзалиятноки стратегӣ дониста шудааст.

Самтҳои муайяннамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ  вобаста ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисодию иҷтимои мамлакат қадами устувор дар роҳи амалисозии муташаккилонаи раванди ҳукумати электронӣ дар идоракунии мақомоти давлатӣ ва иқтисодиёт арзёбӣ карда мешаванд.

АКС: «Амонатбонк»

Октябрь 2, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.4800 то 9.4900 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1000 то 11.1853 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1210 то 0.1230 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.4627 то 9.4800 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба риояи талаботи қонунҳои миллӣ ҳамоиш доир гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1210 то 0.1221 сомонӣ муқаррар шудааст
Соли 2025 дороиҳои «Амонатбонк» 11 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳояш 9,9 миллиард сомониро ташкил дод
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.4239 то 9.4700 сомонӣ муқаррар шудааст
Соли 2025 сатҳи таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок 3,5 фоизро ташкил дод
Қурби расмии сомонӣ соли 2025 нисбат ба доллари амрикоӣ 15,4 фоиз устувор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бонкҳои Тоҷикистон соли 2025 ба мизоҷон дар ҳаҷми 30 миллиард сомонӣ қарз додаанд
«Амонатбонк» ба беш аз 890 ҳазор нафақагирон ва 2,2 миллион пасандозгузорон хизмат расонидааст