Ҷавонони далери шаҳри Ваҳдат бо ҳисси баланди масъулият ва ифтихор аз Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд

Октябрь 3, 2025 08:29

ВАҲДАТ, 03.10.2025./АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007—и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ»  дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба   хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хабар доданд.

Дар рӯзи якуми даъвати ҳарбӣ падару модарон бо ифтихор аз писарони тарбиякардаашон гурӯҳи ҷавононро  бо ҳисси баланди масъулият ва ифтихор аз ҳимояи Ватан ба иҷрои сарбаландонаи қарзи фарзандӣ дар сафи Артиши миллӣ гусел намуданд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки хизмат ба Ватан – Модар бояд барои ҳар ҷавон ифтихору шараф бошад. Ватанро мисли модари хеш дӯст доштан ва мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намудан қарзи ҳар  фарзанди миллат аст. Ватан муқаддастарин ганҷи ҳастӣ ва истиқлол неъмати бебаҳои миллат аст. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҳаёт ва ҷасорату мардонагӣ мебошад. Онҳо маҳз дар давраи хизмат имкон доранд, ки моҳияти мафҳуми Ватан, давлат ва миллати худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар пайравӣ ба иқдоми шоистаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ҳамзамон барои баланд бардоштани ҳисси ватанпарварию худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ ва рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон дар ҳама маврид ташаббусҳои ҷавононро дастгирӣ менамояд. Аз ин рӯ гурӯҳе аз даъватшавандаҳо бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат  ва аз ҳисоби Вазорати мудофиаи Тоҷикистон даври кӯтоҳмуддати ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаро  хатм намуданд. Онҳо соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардида, ҳамчун мутахассис-ронанда дар Артиши миллӣ хизмат менамоянд.

Даъватшаванда Сайдамир Сафаров иброз дошт, ки “мо, ҷавонони тоҷик ба эътимоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушарраф шудаем, ки ин барои мо ифтихор ва масъулияти бузург мебошад. Вақте ки Пешвои миллат ояндаи Тоҷикистонро ба ҷавонон бовар намудаанд, гумон мекунем хизмати аввалиндараҷаи мо ба Ватан- ҳамроҳ шудан ба сафи Артиши миллӣ мебошад. Набояд фаромӯш кард, ки хизмати Ватан қарзи имонӣ ва ҷавонмардии ҳар яки мост! Аз ин рӯ, ман баъди хатми донишгоҳ тасмим гирифтаам, ки аввал қарзи ҷавонмардиро иҷро кунам ва баъдан ҳамчун мутахассис фаъолият намоям”.

Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони шуъбаи фарҳанги шаҳр барномаи ҷолиби ҳунариро манзури ҳозирин намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат

Октябрь 3, 2025 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид