Ҷавонони сарбаланди Шаҳристон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел карда шуданд

Октябрь 2, 2025 11:01

ДУШАНБЕ, 02.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар ноҳияи Шаҳристон маросими гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид, ки дар он  роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони корхонаю ташкилот, раисони ҷамоатҳои деҳот, фаъолон, собиқадорон, даъватшавандагон ва волидайни онҳо иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон хабар доданд.

Раиси  ноҳияи Шаҳристон Рабим Ғафурзода иброз дошт, ки «имрӯз мо бо шукронаи соҳибистиқлолии мамлакат дар фазои тинҷию осудагӣ ҷавонони бонангу номуси ноҳияро, ки бо руҳияи баланд, ифтихори миллӣ ва садоқат ба Ватан ба хизмати ҳарбӣ омода мебошанд, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равон менамоем».

Гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ дар барқарорсозӣ ва ҳимояи сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу амният, суботу оромии мардум, пойдорӣ ва мустаҳкам гардидани давлати соҳибистиқлоламон саҳми назаррас гузошт. Имрӯз хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандӣ ва муқаддаси ҳар ҷавони бонангу номус мебошад.

«Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони ноҳияи мо низ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар баробари саҳм гузоштан дар рушди Тоҷикистон содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намуда, барои ҳифзи Ватан ва ҳаёти осоиштаи мардум саҳми арзанда мегузоранд»,-иброз намуд раиси ноҳия.

Дар анҷоми ҳамоиш маросими «Нонгазон» баргузор гардида, барои болидахотирии ҳозирин аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барномаи рангини фарҳангию фароғатӣ пешниҳод гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон

Октябрь 2, 2025 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд