Байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ҶДММ «Илму адаб» созишнома ба имзо расид

Октябрь 14, 2025 18:15

ДУШАНБЕ, 14.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Илму адаб» созишнома ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Созишнома дар доираи баргузории Форуми байналмилалии «Душанбе Инвест-2025» аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Илму адаб» ба имзо расид.

Созишнома бо мақсади тақвияти шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалисозии лоиҳаи «Бунёди муассисаи ҳамгирои таълимӣ: боғчаи бачагона ва литсей дар шаҳри Турсунзода» ба имзо расонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» имрӯз дар “Кохи Ваҳдат”-и пойтахт баргузор гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсун

Октябрь 14, 2025 18:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд