БОЗИҲОИ ОСИЁӢ. Шумораи медалҳои варзишгарони навраси тоҷик ба 15 адад расид
ДУШАНБЕ, 29.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони навараси тоҷик дар сеюмин Бозиҳои осиёии наврасон, ки дар давлатӣ Баҳрайн идома доранд, 15 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 12 биринҷӣ) ба даст оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар чор намуд медал гирифтааст. Аз ҷумла, дар ММА – ҳунарҳои размии омехта — 2 нишони тилло ва 7 биринҷӣ, таэквондо WT — 1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ, бокс — 3 медали биринҷӣ ва гуштии кураш — 1 нишони биринҷӣ сазовор гардиданд.
Бояд гуфт, ки нишонҳои тиллоро Фазлиддин Халилов дар вазни 55 кг ва Умарҷони Умед дар вазни 70 кг аз рӯи намуди санъати муҳорибаҳои омехта (ММА) ба даст оварданд. Ягона нишони нуқраро Ҷонибек Нигматов дар вазни +73 кг аз намуди таэквондо дар сеюмин Бозиҳои осиёӣ байни наврасон дар Баҳрайн соҳиб гардид.
Инчунин 12 медали биринҷиро аз намуди муҳорибаҳои омехта, Меҳрона Қаландарбекова дар вазни 55 кг, Марҳабо Бобоева дар вазни 60 кг, Умар Шарифов дар вазни 50 кг, Муҳаммад Саидзода дар вазни 60 кг, Осимӣ Бегмуродзода дар вазни 60 кг, Абубакр Баҳромов дар вазни 75 кг ва Мусо Иброҳимзода дар вазни 80 кг соҳиб шуданд.Аз варзишҳои қаблан оғозгардида варзишгарони тоҷик дар намуди кураш аввалин медал ба даст оварданд, ки ба Абубакр Тураев дар вазни 65 кг тааллуқ дорад. Абубакр Тураев дар ин вазн бо баромади шоиста сазовори медали биринҷӣ гашт.
Дар намуди бокс Дамир Назаров дар вазни то 46 кг, Абубакр Азизов дар вазни то 60 кг ва Фурӯғ Сарҳадзода дар вазни то 60 кг ба гирифтани медалҳои биринҷӣ сазовор гаштанд. Ҳамчунин варзишгари навраси тоҷик Абдуҷаъфари Баҳодур дар Бозиҳои осиёӣ аз намуди таэквондо сазовори медали биринҷӣ гардид.
Бояд гуфт, ки сеюмин Бозиҳои осиёии наврасон дар давлати Баҳрайн 22 октябри соли равон расман оғоз гардида, қарор аст то 31 октябри соли 2025 идома ёбад.
Ба барномаи Бозиҳо 26 намуди варзиш шомил буда, аз рӯйи онҳо 256 мусобиқа баргузор мешавад.
Хотиррасон мешавем, ки дар сеюмин Бозиҳои осиёии наврасон Тоҷикистонро 65 варзишгар аз рӯйи 12 намуди варзиш: варзиши сабук, шиноварӣ, бокс, бадминтон, ҷудо, гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, курраш, варзиши электронӣ, ҷиу-ҷитсу, таэквондо намояндагӣ мекунанд.
Дар айни ҳол дар сеюмин Бозиҳои осиёии наврасон дар Баҳрайн дар ҳисоби медалҳо дастаи мунтахаби Чин бо 101 медал (48 тило, 35 нуқра ва 18 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст.
Дастаи мунтахаби Узбекистон бо 41 медал (19 тило, 5 нуқра ва 17 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм, дастаи мунтахаби Тайланд бо 34 медал (13 тило, 13 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм, дастаи мунтахаби Қазоқистон бо 50 медал (12 тило, 15 нуқра ва 23 биринҷӣ) дар ҷойи чорум ва дастаи мунтахаби Эрон бо 44 медал (12 тило, 11 нуқра ва 21 биринҷӣ) дар ҷойи панҷум қарор доранд.
Дар умум то ҳоло варзишгарони 36 кишвар медал гирифтаанд, аз он ҷумла намояндагони 26 кишвар барандагони нишони тилло гардидаанд. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ғайр аз Узбекистону Қазоқистон, Тоҷикистон бо 15 медал (2 тило, 1 нуқра ва 12 биринҷӣ) дар ҷойи 18-ум, дастаи мунтахаби Қирғизистон бо 10 медал (4 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар ҷойи 27-ум, Афғонистон бо 4 медал (1 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҷойи 30-юм, Туркманистон бо як медали биринҷӣ дар ҷойи 33-юм мебошанд.
Инчунин дар сеюмин Бозиҳои осиёии наврасон дар Баҳрайн беш аз чор ҳазор варзишгари наврас аз 45 кишвари қора барои 259 маҷмуи медалҳо дар 26 намуди варзиш то 31-уми октябр байни ҳам рақобат менамоянд.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад
Қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор шуд
Соли 2025 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 510 медал ба даст оварданд
Паралимпичиёни тоҷик бо 22 медал дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг байни 25 давлат дар зинаи дуюм қарор гирифтанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолияти пурсамар намуданд
ФУТБОЛ. 5 феврал қуръакашии тақвими чемпионати Тоҷикистон-2026 баргузор мешавад
Варзишгарони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг 22 медал ба даст оварданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол бо ҳамтоёнаш аз Ҳиндустон бозии дӯстона анҷом дод
Шаҳром Самиев фаъолияташро дар бошгоҳи футболи «Ал-Карма»-и Ироқ идома медиҳад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 446 медал ба даст оварданд
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон баргузор гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал иштирокашро дар Ҷоми Осиё-2026 ба анҷом расонид






