БОЗИҲОИ ОСИЁӢ. Шумораи медалҳои варзишгарони навраси тоҷик ба 19 адад расид
ДУШАНБЕ, 30.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи медалҳои варзишгарони навраси тоҷик дар сеюмин Бозиҳои осиёии наврасон дар давлати Баҳрайн ба 19 адад (2 тилло, 2 нуқра ва 15 биринҷӣ) расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаи сатҳи баланд аз 6 навъи варзиш медал гирифтааст. Аз ҷумла, дар ММА, яъне ҳунарҳои размии омехта 2 медали тилло ва 8 нишони биринҷӣ, таэквондо WT 1 медали нуқра, бокс се нишони биринҷӣ, гӯштини ҷудо 1 медали нуқра ва ду нишони биринҷӣ, гӯштини тарзи озод 1 нишони биринҷӣ ва гӯштини кураш 1 медали биринҷиро сазовор гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки медалҳои тиллоро варзишгарони навраси тоҷик Фазлиддин Халилов дар вазни 55 кг ва Умарҷони Умед дар вазни 70 кг, аз рӯи намуди санъати муҳорибаҳои омехта ММА ба даст оварданд. Ду медали нуқраро Ҷонибек Нигматов дар вазни +73 кг аз намуди таэквондо ва Юсуф Замонов дар вазни то 50 кг аз рӯйи намуди гӯштини ҷудо дар сеюмин Бозиҳои Осиёӣ байни наврасон дар Баҳрайн сазовор шуданд. Абдуҷаъфари Баҳодур варзишгари навраси тоҷик 26 октябр 12-умин нишони Бозиҳои осиёиро ба даст овард. Ӯ дар ин мусобиқа сазовори медали биринҷӣ аз намуди таэквондо гардид.
Аз намуди бокс варзишгарони тоҷик ба гирифтани 3 нишони биринҷӣ мушарраф гардиданд, ки онҳоро Фуруғ Сарҳадзода дар вазни 60 кг, Дамир Назаров дар вазни 45 кг ва Абубакр Азизов дар вазни 60 кг ба даст оварданд. 8 медали биринҷиро аз намуди муҳорибаҳои омехта Меҳрона Қаландарбекова дар вазни 55 кг, Марҳабо Бобоева дар вазни 60 кг, Умар Шарифов дар вазни 50 кг, Муҳаммад Саидзода дар вазни 60 кг, Осимӣ Бегмуродзода дар вазни 60 кг, Абубакр Баҳромов дар вазни 75 кг ва Мусо Иброҳимзода дар вазни 80 кг соҳиб шуданд.
Ду нишони биринҷиро аз гӯштини ҷудо Юсуф Искандарзода дар вазни то 66 кг ва Зуҳал Ҷумаева дар вазни то 52 кг ба даст оварданд.
Ягона нишони бириҷиро аз намуди гӯштини тарзи озод Алиризо Баҳромов дар вазни 80 кг ба даст овард. Аз варзишҳои қаблан оғозгардида варзишгарони тоҷик дар намуди гӯштини кураш аввалин медал ба даст оварданд, ки ба Абубакр Тураев дар вазни 65 кг тааллуқ дорад. Абубакр Тураев дар ин вазн бо маҳорати баланд сазовори медали биринҷӣ гашт.
Бояд гуфт, ки сеюмин Бозиҳои осиёии наврасон дар давлати Баҳрайн 22 октябри соли равон расман оғоз гардида, қарор аст то 31 октябри соли 2025 идома ёбанд.
Ба барномаи Бозиҳо, 26 намуди варзиш шомил буда, аз рӯйи онҳо 256 мусобиқа баргузор мешавад.
Хотиррасон мешавем, ки дар сеюмин Бозиҳои осиёии наврасон Тоҷикистонро 65 варзишгар аз рӯйи 12 намуди варзиш: варзиши сабук, шиноварӣ, бокс, бадминтон, ҷудо, гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, кураш, варзиши электронӣ, ҷиу-ҷитсу, таэквондо намояндагӣ мекунанд. Инчунин дар сеюмин Бозиҳои осиёии наврасон дар Баҳрайн беш аз 4 ҳазор варзишгари наврас аз 45 кишвари қора барои 259 маҷмуи медалҳо дар 26 намуди варзиш то 31 октябр байни ҳам рақобат менамоянд.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






