БОЗИҲОИ ОСИЁӢ. Варзишгарони навраси тоҷик дар ин мусобиқа соҳиби 12 медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 28.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари навраси тоҷик Абдуҷаъфари Баҳодур дар Бозиҳои осиёӣ аз намуди таэквондо сазовори медали биринҷӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Варзишгарони навраси тоҷик аз оғози рақобатҳо дар Бозиҳои осиёӣ байни наврасон соҳиби 12 медал: 2 тилло, 1 нуқра ва 9 биринҷӣ гардиданд.
Нишонҳои тиллоро Фазлиддин Халилов дар вазни 55 кг ва Умарҷони Умед дар вазни 70 кг аз рӯи намуди санъати муҳорибаҳои омехта (ММА) ба даст оварданд. Ягона нишони нуқраро Ҷонибек Нигматов дар вазни +73 кг аз намуди таэквондо дар сеюмин Бозиҳои осиёӣ байни наврасон дар Баҳрайн соҳиб гардид.
Инчунин 7 медали биринҷиро аз намуди муҳорибаҳои омехта, Меҳрона Қаландарбекова дар вазни 55 кг, Марҳабо Бобоева дар вазни 60 кг, Умар Шарифов дар вазни 50 кг, Муҳаммад Саидзода дар вазни 60 кг, Осимӣ Бегмуродзода дар вазни 60 кг, Абубакр Баҳромов дар вазни 75 кг ва Мусо Иброҳимзода дар вазни 80 кг соҳиб шуданд.
Аз варзишҳои қаблан оғозгардида варзишгарони тоҷик дар намуди кураш аввалин медал ба даст оварданд, ки ба Абубакр Тураев дар вазни 65 кг тааллуқ дорад. Абубакр Тураев дар ин вазн бо баромади шоиста сазовори медали биринҷӣ гашт.
Бояд гуфт, ки 3-юмин Бозиҳои осиёии наврасон дар давлати Баҳрайн 22 октябри соли равон расман оғоз гардида, қарор аст то 31 октябр идома ёбад. Ба барномаи Бозиҳо 26 намуди варзиш шомил буда, аз рӯйи онҳо 256 мусобиқа баргузор мешавад.
Хотиррасон мешавем, ки дар 3-юмин Бозиҳои осиёии наврасон Тоҷикистонро 65 варзишгар аз рӯйи 12 намуди варзиш: варзиши сабук, шиноварӣ, бокс, бадминтон, ҷудо, гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, курраш, варзиши электронӣ, ҷиу-ҷитсу, таэквондо намояндагӣ мекунанд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






