БОЗИҲОИ СЕЮМИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ ИДМ. То 8 октябр варзишгарони тоҷик соҳиби 22 медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 08.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони наврасу ҷавони тоҷик то 8 октябри соли 2025 дар Бозиҳои сеюми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Ҷумҳурии Озарбойҷон идома дорад, соҳиби 22 медал (1 тилло, 5 нуқра ва 16 биринҷӣ) гардидаанд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон аз макони баргузории бозиҳо иттилоъ додааст.
7 октябр дар маҷмааи варзишии шаҳри Ганҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар доираи Бозиҳои сеюми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рақобатҳо оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ доир гардиданд. Паҳлавонони наврасу ҷавони тоҷик маҳорати арзанда нишон дода, сазовори як медали нуқра ва ду медали биринҷӣ гардиданд. Медали нуқраро Алишер Рузиматов дар вазни 71 кг сазовор гардида, медалҳои биринҷиро Муҳаммадёсин Ибодуллоев дар вазни то 45 кг ва Маҳдӣ Баротов дар вазни то 55 кг аз намуди гӯштини юнону румӣ соҳиб шуданд.
Варзишгарони тоҷик дар баробари чор медали биринҷӣ аз намуди самбо ва таэквондо 15 медали дигар ба даст оварданд. Аз ҷумла, аз намуди бокс муштзанҳои навраси тоҷик сазовори 1 медали тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ шуданд.
Ягона медали тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо то имрӯз Беҳрӯз Умаров дар вазни 50 кг ба даст овардааст. Аъзамҷон Ҳасанов дар вазни 48 кг, Акбарҷон Абдуллоев дар вазни 57 кг медали нуқра, Фурӯғ Сарҳадзода дар вазни 60 кг байни духтарон, Дамир Назаров дар вазни 46 кг, Умарҷон Асроров дар вазни 66 кг ва Амир Нозимов дар вазни 75 кг сазовори медалҳои биринҷӣ гардидаанд.
Аз намуди гӯштини ҷудо Юсуф Замонов дар вазни то 50 кг медали нуқра, Абубакр Худоиев дар вазни то 55 кг ва Лоиқ Қутбиддинов дар вазни то 60 кг медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар қайиқронӣ Муҳаммадӣ Раҷабов дар байдаркаи якнафарӣ ба масофаи 500 метр медали нуқра ва ба масофаи 200 метр медали биринҷӣ гирифт. Ҳамчунин ҷуфти Ислом Носиров/Далер Носиров (К-2, 200 метр) сазовори медали биринҷӣ шуд. Дар намуди гӯштини тарзи озод Идрис Баҳромов дар вазни то 71 кг ва Алиризо Баҳромов дар вазни то 80 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Ёдовар мешавем, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои сеюми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Озарбойҷон 142 варзишгар аз рӯйи 18 намуди варзиш иштирок доранд.
Бозиҳо 28 сентябр оғоз шуда, имрӯз, 8 октябр анҷом меёбанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






