Дар Ашқобод дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 02.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо Роҳбари Китобхонаи давлатии Маркази давлатии фарҳангии Туркманистон Лачин Нурмухаммедова мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистонро дар соҳаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ, хусусан дар самти табъу нашр ва китобдорӣ баррасӣ карда, оид ба имконият ва роҳҳои боз ҳам тақвият бахшидани додугирифти мутақобил ибрози андеша намуданд.
Аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон ба Китобхонаи давлатии Туркманистон якчанд китоб оид ба Тоҷикистон ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон тақдим карда шуд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон










Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






