Дар «Фахробод» машқҳои муштараки сулҳҷӯёнаи «Бародарии шикастнопазир — 2025» доир мегарданд
ДУШАНБЕ, 16.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 24 октябр дар машқгоҳи «Фахробод»-и гарнизони Хатлон машқҳои муштараки сулҳҷӯёнаи «Бародарии шикастнопазир-2025», машқҳои махсуси «Монеа-2025» ва машқҳои муштараки зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Иттиҳоди зиддитеррористӣ — 2025» гузаронида мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва иттилоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Барои иштирок дар ин тамринҳо имрӯз ҳайати шахсии иштирокчиёни машқҳо аз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Қирғизистон вориди мамлакат шуданд. Тибқи нақша, то 19 октябр низомиён аз дигар кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ низ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меоянд ва марҳилаҳои фаъоли машқҳои муштараки ҳарбӣ оғоз меёбанд.
Дар машқҳои муштараки ҳарбӣ ҳайати низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Беларус иштирок ва дар марҳилаҳои мухталиф тамоми машқҳои пешбинигардидаро амалан коркарду тарҳрезӣ менамоянд.
Бояд гуфт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд ташкилу гузаронидани размоишҳои навбатии ҳарбӣ бо ҷалби хизматчиёни ҳарбии қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ аз ҷониби Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар машқгоҳи Фахробод барои афсарону сарбозони иштирокчии машқҳо шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
АКС: Маркази матбуот ва иттилоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






