Дар Истаравшан маросими гусели даъватшавандагони ихтиёрӣ баргузор гардид

Октябрь 1, 2025 14:46

ДУШАНБЕ, 01.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд маросими гусели  даъватшавандагони ихтиёрӣ баргузор гардид. Дар рӯзи аввали маъракаи даъват Ҷамоати деҳоти «Ниҷонӣ» ва кумитаи маҳаллаҳои «Дӯстӣ», «Имоми Аъзам» ва «Садриддин Айнӣ» нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабар доданд.

Давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат аз ҷониби давлату ҳукумат зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ барои будубоши афсарону сарбозон ва машқу тамрини онҳо тамоми шароити замони муосир фароҳам оварда шудааст. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба неруи бузурги ҳифзи истиқлолу озодӣ ва сипари боэътимоди Ватан табдил ёфтааст.

Амнияти ҳар давлату миллат, ҳаёти осоиштаи ҷомеа ва пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, тартиботи ҳуқуқӣ, таъминоти волоияти қонун, пешгирию мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пеш аз ҳама, ба тинҷию оромӣ ва мустаҳкамии сарҳади мамлакат вобаста аст.

Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби модарон маросими нонгазон баргузор гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан

Октябрь 1, 2025 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид