Дар Муъминобод 150 ҷавони даъватшаванда дар фазои тантанавӣ ба хизмати Ватан-Модар гусел карда шуданд

Октябрь 2, 2025 08:27

ДУШАНБЕ, 02.10.2025.  /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Муъминобод бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» Рӯзи даъватшаванда баргузор шуд. Дар ин рӯз  150 ҷавони даъватшаванда дар фазои тантанавӣ ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ гардид. Дар ин хусус ба  АМИТ «Ховар»  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш масъулини ноҳия иброз доштанд,  ки  ҳифзи оромию осоиштагии сарзамини  муқаддас қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмарди баору номус ба ҳисоб рафта, Қувваҳои Мусаллаҳ сипари боэътимод ва такягоҳи давлату миллат арзёбӣ мегарданд. Маҳз бо шарофати ҷасорати касбӣ, садоқату ҷоннисорӣ ва хизматҳои афсарону сарбозон дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор буда, мардум ба таври осоишта меҳнат ва зиндагонӣ мекунанд.

Модарони даъватшавандагон  зимни гусели фарзандонашон изҳор доштанд, ки «мо аввал шукронаи сулҳу амонии ҷумҳуриро мекунем, зеро файзу баракат ва ҳаёти осуда аз сулҳу субот вобастааст. Хизмат ба Ватан ва ҳифзи оромию осоиштагии сарзамини муқаддас қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард буда, Артиши миллӣ мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат ва шуҷоат ба ҳисоб меравад».

Дар фарҷоми ҳамоиш бо анъанаи «Кулчагазон»-у дуои неки волидон ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 2, 2025 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид