Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вобаста ба таъмини бехатарии радиатсонӣ машварат баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 23.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр бо ташаббуси Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар мавзуи «Огоҳонидани аҳолӣ дар бораи чораҳои бехатарии радиатсонӣ» машварат баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин Агентӣ хабар доданд, ҳадафи ҳамоиш аз баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи хатарҳои эҳтимолии марбут ба мавзеъҳои мероси уран дар минтақа, шарҳ додани чораҳои ҳифзи саломатӣ ва муҳити зист иборат буд. Коршиносон дар баробари пешниҳоди маълумоти муҳим ҳамчунин доир ба асосҳои бехатарии радиатсионӣ, мониторинги радиатсионӣ, қоидаҳои рафтор дар минтақаҳои хавфнок, истифодаи таҷҳизоти муҳофизатии инфиродӣ ва аҳамияти мунтазами муоинаи тиббӣ ҷаласаҳои интерактивӣ баргузор намуданд.
Таваҷҷуҳи хосса ба партовгоҳҳои уран дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дода шуд, ки дар он ҷо миқдори зиёди партовҳо боқӣ мондааст. Иштирокчиён барои кам кардани таъсири радиатсионӣ дар ҳаёти ҳаррӯза, аз ҷумла истифодаи бехатари заминҳои кишоварзӣ ва манбаъҳои об тавсияҳои амалӣ гирифтанд.
Машварат бо муҳокимаи масъалаҳои муҳим байни иштирокчиён ва коршиносони амнияти радиатсионӣ анҷом ёфт.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






