Дар Норак нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон барзиёд иҷро гардид

Октябрь 1, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 01.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар рӯзи нахустин барзиёд иҷро гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар доданд.

Ба муносибати гусели наваскарон ба сафи Артиши миллӣ дар маркази шаҳр роҳпаймоии идона баргузор гардид.

Дар ҳамоиши тантанавӣ таъкид гардид, ки нахустин рӯзи ҷалб ва гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз оғози нек ва муташаккилонаи маъракаи даъват башорат медиҳад.

Иброз гардид, ки «аҷдодони хирадманди мо аз қадимулайём мардонагии ҳақиқиро дар омодагӣ ба ҳифзи Ватан ва ҷонфидоӣ ба номи Ватан медиданд. Бузургмардоне, чун Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ ва даҳҳои дигар, ки хушбахтии комили мардумро дар мавҷудияти Ватан дидаву барои ҳифзу ҳимояи сарзамини аҷдодии хеш ҷонфидоёна мубориза бурдаанд, барои насли ҷавони имрӯз тимсоли қаҳрамонӣ ва ватандӯстӣ мебошанд».

Ҷавонони шаҳри Норак бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар баробари саҳм гузоштан дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчунин дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона хизмат намуда, дар ҳифзи Ватан ва ҳаёти осоиштаи мардум саҳми арзанда мегузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Октябрь 1, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд
Ноҳияи Хуросон нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд