Дар Остона таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид

Октябрь 3, 2025 14:20

ДУШАНБЕ,03.10.2025/АМИТ «Ховар»/. Ҷониби Қазоқистон омодагии худро ҷиҳати имзои Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба интиқоли неруи барқ аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» иброз дошт. Ин масъала зимни мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Аккенженов дар шаҳри Остона баррасӣ шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, мулоқоти мазкур дар доираи баргузории Ҳафтаи энергетикии Қазоқистон -2025 (Kazakhstan Energy Week – 2025) дар шаҳри Остона доир гардид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, зарурати таҳким ва тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаи энергетика ва захираҳои об таъкид гардид.

Ҳамзамон дар мулоқот масъалаҳои ҳамоҳангсозии низомҳои энергетикии Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин гуфтушунидҳо ба густариши ҳамкории дуҷониба байни давлатҳои минтақа такони ҷиддӣ мебахшанд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 3, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд