Дар Самарқанд нахустин мулоқоти вазирони мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Октябрь 22, 2025 14:25

ДУШАНБЕ, 22.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр дар шаҳри Самарқанди Узбекистон нахустин мулоқоти вазирони мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар он Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Маркази сайёҳии «Silk Road Samarkand» ҷаласаи васеи вазирони мудофиаи кишварҳои дӯсту бародар баргузор гардид. Мулоқот бо паёми Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба вазирони мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт. Дар паём таъкид гардид, ки риштаҳои сулҳу субот байни халқҳои бародари мо тавассути ҳамбастагии мутақобил мустаҳкамтар мешаванд.

Дар нахустин мулоқоти вазирони мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амният дар минтақа, тавсеаи ҳамкории низомӣ ва низомӣ-техникӣ байни кишварҳо, инчунин бардоштани сатҳи ҳамоҳангсозии муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ ва густариши робитаҳои мутақобили судманд мавриди баррасӣ ва мубодилаи афкор қарор гирифтанд.

Вазирони мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамзамон дар машқҳои муштараки минтақавии «Ваҳдат – 2025», ки дар машқгоҳи «Каттақурғон»-и Округи ҳарбии марказии Узбекистон бо иштироки воҳидҳои вазоратҳои мудофиаи Узбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон баргузор мегарданд, иштирок мекунанд.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 22, 2025 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд