Дар шаҳри Хуҷанд Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 23.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 21 октябр дар шаҳри Хуҷанд Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс байни калонсолон (мардон ва занон) баргузор гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, дар мусобиқа варзишгарони тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо ҳам рақобат намуданд.
Мақсади асосии баргузории чемпионат — муайян намудани дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ ва боло бурдани сатҳи омодагии варзишгарон барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад.
Бокс яке аз намудҳои маъмули варзиш дар Тоҷикистон буда, варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пайваста Парчами давлатии Тоҷикистонро баланд мебардоранд.
Дар ҷамъбаст ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо медалҳо, дипломҳо ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






