Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид

Октябрь 11, 2025 17:00

ЁВОН, 11.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ёвон нақшаи тадбирҳои  омодагӣ барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани  давраи тирамоҳу зимистон тасдиқ гардида, Ситоди ноҳиявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 таъсис дода шуд.

Муовини якуми Раиси ноҳияи Ёвон Суҳроб Сиддиқзода иброз дошт, ки  барои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026»  аз ҳисоби буҷети ноҳия  ба соҳаи маорифи як миллиону 102 ҳазору 114 сомонӣ ва ба соҳаи тандурустӣ 73 ҳазору 750 сомонӣ ҷудо карда шуд. То имрӯз дар муассисаҳои таълимии ноҳия 1235 тонна ангишт, 924 метри мукааб ҳезум, 1169 бухорӣ, 337 гармкунаки барқӣ захира карда шуд. 12 дегхонаи хурди муассисаҳои таълимӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд. Инчунин барои соҳаи тандурустӣ 65 тонна ангишт, 50 метри мукааб  ҳезум ва 300 литр сӯзишвории дизелӣ харид гардида, захиранамоии  маводи сӯзишвории дилезӣ идома дорад.  Бояд гуфт, ки захираи ангишт дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ 100 фоизро ташкил медиҳад.

Барои дар фасли зимистон таъмин намудани рафтуомади сокинон дар роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллии ноҳия Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 1100  куб маводи зидди лағжиш, 3000 литр маводи сӯзишвории дизелӣ, 3 тонна ангишт, 6 метри мукааб ҳезум захира намудааст. Ҳамзамон дар ин муассиса 9 техникаи гуногуни соҳавӣ омода мебошад.

Қисми зиёди сокинони ноҳияи Ёвон ба парвариши чорво ва истеҳсоли ширу гӯшт машғуланд. Аз ин рӯ барои сипарӣ намудани зимистони дарпешистода 49 ҳазору 700 тонна хӯроки дурушт ва 5492 тонна хӯроки ширадори чорво захира карда шудааст. Захиранамоии хӯроки ширадори чорво ҳоло идома дорад.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 11, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст