Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид
ЁВОН, 11.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ёвон нақшаи тадбирҳои омодагӣ барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон тасдиқ гардида, Ситоди ноҳиявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 таъсис дода шуд.
Муовини якуми Раиси ноҳияи Ёвон Суҳроб Сиддиқзода иброз дошт, ки барои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» аз ҳисоби буҷети ноҳия ба соҳаи маорифи як миллиону 102 ҳазору 114 сомонӣ ва ба соҳаи тандурустӣ 73 ҳазору 750 сомонӣ ҷудо карда шуд. То имрӯз дар муассисаҳои таълимии ноҳия 1235 тонна ангишт, 924 метри мукааб ҳезум, 1169 бухорӣ, 337 гармкунаки барқӣ захира карда шуд. 12 дегхонаи хурди муассисаҳои таълимӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд. Инчунин барои соҳаи тандурустӣ 65 тонна ангишт, 50 метри мукааб ҳезум ва 300 литр сӯзишвории дизелӣ харид гардида, захиранамоии маводи сӯзишвории дилезӣ идома дорад. Бояд гуфт, ки захираи ангишт дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ 100 фоизро ташкил медиҳад.
Барои дар фасли зимистон таъмин намудани рафтуомади сокинон дар роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллии ноҳия Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 1100 куб маводи зидди лағжиш, 3000 литр маводи сӯзишвории дизелӣ, 3 тонна ангишт, 6 метри мукааб ҳезум захира намудааст. Ҳамзамон дар ин муассиса 9 техникаи гуногуни соҳавӣ омода мебошад.
Қисми зиёди сокинони ноҳияи Ёвон ба парвариши чорво ва истеҳсоли ширу гӯшт машғуланд. Аз ин рӯ барои сипарӣ намудани зимистони дарпешистода 49 ҳазору 700 тонна хӯроки дурушт ва 5492 тонна хӯроки ширадори чорво захира карда шудааст. Захиранамоии хӯроки ширадори чорво ҳоло идома дорад.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд






