Дар Суғд барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 28.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 50 нафар корманду омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии вилояти Суғд зимни машварати омӯзишӣ соҳиби сертификат гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Машварати омӯзишӣ 24-25 октябр дар доираи Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо барои таҳкими таҳсилоти касбии фарогир барои омӯзгорони фанҳои тахассусӣ ва устоҳои таълими истеҳсолӣ гузаронида шуд.
Ҳадафи машварати омӯзишӣ ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим, методологияи таълим дар асоси салоҳият, амалишавии нақша ва барномаҳои таълимии модулӣ, рақамикунонии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таъмини таҳсилоти босифат, дастрас ва фарогир мебошад.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






