Дар Тоҷикистон беш аз 184 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамоянд
ДУШАНБЕ, 15.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 184 ҳазору 445 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамоянд, ки шумораи хоҷагиҳои давлатӣ 157, Ассотсиатсияи хоҷагиҳо ва истифодабарандагони об 59, хоҷагиҳои деҳқонӣ-коллективӣ ва кооперативӣ 3329, ҷамъиятҳои соҳавӣ 431, хоҷагиҳои ёрирасон 599, хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ 179 818 адад ва соҳибкорони инфиродӣ 52 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Хоҷагии деҳқонӣ субъекти хоҷагидории мустақиле аст, ки фаъолияти он ҳамчун соҳибкор ба меҳнати шахсии як нафар, аъзои як оила ё гурӯҳи шахсон асос ёфта, заминаи онро қитъаи замин ва дигар молу мулки ба аъзои он тааллуқдошта ташкил медиҳанд.
Ба андешаи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, бо зиёд гардидани хоҷагии деҳқонӣ бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ пурра таъмин гардида, нархи он дастрас мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, ки «фаровонии бозори истеъмолии мамлакат, пеш аз ҳама, бо роҳи таъмин намудани тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ тавассути истифодаи технологияҳои ҳозиразамон, таҳкими фаъолияти корхонаҳои коркарди маҳсулот, баланд бардоштани самаранокии захираҳои обу замин, инкишофи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ бояд амалӣ гардонида шавад. Барои бо маҳсулоти кишоварзӣ ва умуман бо маводи ғизоии истеҳсоли ватанӣ бештар таъмин намудани аҳолии мамлакат андешидани тадбирҳои мушаххас зарур аст».
Ҳукумати Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ барои ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат тавассути ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи даҳҳо барномаи соҳавӣ, аз ҷумла дар самти таҷдиди сохтори ташкилию ҳуқуқии хоҷагиҳо, ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, афзоиш додани майдони боғу токзор ва таъмин намудани дастрасии деҳқонон ба манбаъҳои молиявӣ ҳама тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид. Мо бо ҳамин роҳ метавонем ба суръати баланди рушди соҳаи кишоварзӣ муваффақ гардем.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид






