Дар Тоҷикистон марҳилаи ниҳоии машқҳои муштараки зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори кишварҳои ИДМ «Иттиҳод-Антитеррор-2025 баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябри соли 2025 Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Маркази зиддитеррористии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил марҳилаи ниҳоии машқҳои муштараки зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори кишварҳои аъзои ИДМ «Иттиҳод-Антитеррор – 2025»-ро баргузор намуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Марҳилаи қудратии машқҳои муштараки зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори кишварҳои аъзои ИДМ «Иттиҳод-Антитеррор – 2025» дар шакли муштарак бо марҳилаи ниҳоии машқҳои неруҳои посдори сулҳи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ «Бародарии шикастнопазир» доир гардида, имконият фароҳам овард, ки бори нахуст дар таҷрибаи муосири ҳамкории байналмилалии сохторҳои қудратӣ неруҳои махсуси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар арсаи умумии амалиёти ҷангии фаврӣ безараргардонии таҳдидҳои террористӣ ба таври муттасил иҷро гардида, якҷоя бо он амалиёти посдори сулҳи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ анҷом дода шавад.
Дар ин машқҳо мақомоти салоҳиятдори кишварҳои аъзои ИДМ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд. Марҳилаи аввали машқҳо аз 7 то 9 октябр баргузор шуд, ки дар ҷараёни он мақомоти салоҳиятдори кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳудудҳои миллӣ ҳайатҳои омӯзиширо барои ошкор ва боздошти гурӯҳҳои террористии шартӣ, ки қасди анҷом додани ҳамлаҳои террористиро дар иншооти муҳим ва чорабиниҳои оммавӣ доштанд, мукаммал намуданд.
Дар давраи баргузории марҳилаи аввал дар заминаи Маркази зиддитеррористии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ситоди ҳамоҳангсозӣ ҷойгир карда шуд, ки ба маҳали ҷойгиршавии таҳдидҳои террористӣ мусоидат мекард. 44 машқи омӯзишӣ муваффақона анҷом ёфта, зиёда аз 250 санҷиши низомҳои иттилоотии дастҷамъонаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузаронида шуд ва 29 террористи шартӣ ошкору дастгир карда шуданд.


Дар марҳилаи дуюми машқҳои «Иттиҳод-Антитеррор – 2025» таҳти роҳбарии Ситоди ҷумҳуриявии оперативӣ аз ҷониби воҳидҳои махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои озод намудани гаравгонҳо ва безарар гардонидани террористон дар ҳавопаймои рабудашуда ва дар бинои маъмурӣ, инчунин аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти зиддитеррористӣ оид ба камкунӣ ва безараргардонии оқибатҳои ҳуҷумҳои террористӣ амалиёти зиддитеррористӣ гузаронида шуд.
Баъд аз анҷоми марҳилаи тамрини «Иттиҳод-Антитеррор-2025» мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи марҳилаи ниҳоии тамриноти «Бародарии шикастнопазир-2025» бо неруҳои посдори сулҳи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ амалиёти махсуси пешгирӣ ва нобудсозии гурӯҳҳои калони мусаллаҳи ғайриқонунии террористиро анҷом доданд.
Амалӣ намудани ин чорабиниҳо сатҳи баланди ҳамоҳангии ҷангӣ ва омодагии мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои иҷрои вазифаҳо оид ба пешгирии амалҳои террористӣ дар шароити мураккаби амалиётӣ, инчунин омодагии Қӯшунҳои посдори сулҳи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда ҷиҳати таъмини сулҳ дар минтақаи амнияти дастҷамъӣ собит намуд. Машқҳои муштараки зиддитеррористӣ ҷузъи муҳими низоми ҳамкории амалии хадамоти махсуси давлатҳои Иттиҳод ба ҳисоб рафта, зимни баргузории он дар самти банақшагирӣ, омодагӣ ва гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористӣ таҷриба андӯхта шуд ва дар асоси он шаклу усулҳои амалиёти ҳамоҳангшуда оид ба ошкоркунӣ ва пешгирии ҳамлаҳои террористӣ такмил дода мешавад. Чунин машқҳо бори сеюм аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Машқҳои «Иттиҳод-Антитеррор-2025» дар силсилаи машқҳо бисту якумин мебошанд, ки таҳти сарпарастии Маркази зиддитеррористии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузаронида мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






