Дар вилояти Хатлон 11 шаҳру ноҳия нақшаи даъватро пурра иҷро намуданд

Октябрь 2, 2025 13:44

ДУШАНБЕ, 02.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 11 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон нақшаи даъватро пурра иҷро намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои Фархор, Ховалинг, Балҷувон, Левакант, Бохтар, Вахш, Норак, Хуросон, Данғара, Муъминобод ва Дӯстӣ пурра иҷро карда шуд.

Дар ноҳияи Хуросон бо иштироки сокинон ва падару модарони даъватшавандагон чорабинии гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин ноҳия  нақшаи даъвати ҳарбӣ дар рӯзи нахустин пурра иҷро гардид. Ҷавонони ноҳия бо азми дил, ба таври ихтиёрӣ ва сарбаландонаю садоқатмандона ба ҳифзи Ватан рафтанд.

Ҳамчунин дар ин рӯз ба 70 даъватшаванда, ки бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ гардиданд,   шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди муҳими замони соҳибистиқлолӣ ба шумор рафта, омили асосии нигаҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад. Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат Артиши миллӣ зина ба зина комил ва пуриқтидортар гардида, қобилияти ҳифз, нигоҳдории ҷумҳурӣ ва оромии ҷамъиятро касб намуд. Сол аз сол шароити хизмат барои сарбозон дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ беҳтар гардида, инфрасохтори наву замонавӣ бо тамоми шароити зарурӣ таъмин гардид.

Ҳамасола дар Тоҷикистон дар ду мавсим даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ баргузор карда мешавад. Даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шуруъ гардида, охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Октябрь 2, 2025 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд