Дастаи «Истиқлол» аввалин ғалабаро дар Лигаи дуюми чемпионҳои КФО-2025/26 ба даст овард
ДУШАНБЕ, 02.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ- дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе аввалин ғалаба ва се имтиёзро дар бозии хонагии худ дар даври гурӯҳии Лигаи дуюми чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар мавсими 2025/26 ба даст овард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, дастаи «Истиқлол» тими «Гоа»-и Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб намуд. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид.
Ёдовар мешавем, ки «Истиқлол» дар гурӯҳи «D»-и минтақаи Ғарб бозӣ мекунад, ки рақибони он дастаҳои «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Завроа» (Ироқ) ва «Гоа» (Ҳиндустон) мебошанд.
Бар асоси низомномаи мусобиқа, ду дастаи беҳтарини гурӯҳ ба даври плей-офф роҳ меёбанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






