Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозии санҷишӣ анҷом дод

Октябрь 28, 2025 11:01

ДУШАНБЕ, 28.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2025 оид ба футбол, дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дуюмин бозии санҷишии худро дар машқҳои дастаҷамъӣ дар шаҳри Дубай анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ аз Кореяи Ҷанубӣ бозии санҷишӣ доир намуданд. Бозӣ бо ҳисоби 5:0 бо пирӯзии Кореяи Ҷанубӣ ба анҷом расид.

30 октябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ аз Мексика бозии дӯстон анҷом медиҳад.

Дар Ҷоми ҷаҳон-2025 мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «I» бо дастаҳои Чехия (5 ноябр), ИМА (8 ноябр) ва Буркина Фасо (11 ноябр) бозӣ мекунад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 28, 2025 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд