Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Амороти Муттаҳидаи Араб бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад

Октябрь 20, 2025 13:40

ДУШАНБЕ, 20.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2025 таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб силсилабозиҳои дӯстона анҷом медиҳад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Дубай дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаҳои Замбия (22 октябр), Каледонияи Нав (24 октябр) ва Мексика (30 октябр) бозӣ мекунад. Ҳама рақибони дастаи Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон-2025 иштирок менамоянд.

Дар Ҷоми ҷаҳон-2025 дар Қатар дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «I» бо тимҳои Чехия (5 ноябр), ИМА (8 ноябр) ва Буркина-Фасо (11 ноябр) рақобат мекунад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 20, 2025 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд