Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол дар бозии санҷишӣ бо Каледонияи Нав ҳисобро мусовӣ кард

Октябрь 24, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 24.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2025 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар доираи ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Дубай бозии санҷишии якумро анҷом дод.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастаи Тоҷикистон дар аввал тибқи нақша бояд бо дастаи мунтахаби Замбия рӯ ба рӯ мегашт, аммо мушкилоти раводид ба тими африқоӣ монеъ шуд, ки сари вақт ба Дубай ворид шавад. Дар ниҳоят дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо дастаи Каледонияи Нав рақобат кард. Бозӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми ҷаҳон-2025 дар гурӯҳи «I» бо  дастаҳои Чехия (5 ноябр), ИМА (8 ноябр) ва Буркина-Фасо (11 ноябр) бозӣ мекунад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 24, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд