ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар рӯзи якуми даъват иҷрои нақша дар Тоҷикистон 55 фоизро ташкил дод

Октябрь 2, 2025 14:50

ДУШАНБЕ, 02.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 1 октябр дар тамоми ҷумҳурӣ даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкили чорабиниҳои Рӯзи даъватшаванда дар фазои тантанавӣ оғоз гардид, ки садҳо нафар ҷавонписарони синни даъватӣ ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зисти хеш ҳозир шуда, ҳамчун аввалин даъватшавандагон омодагии худро ба хизмат ба халқу Ватан нишон доданд. Ҳамин тавр, дар рӯзи нахустини даъват иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ 55 фоизро ташкил дод. Дар ин хусус ба  АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Чун анъана дар нахустин рӯзи даъват Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи пешбинигардидаро 101 фоиз иҷро намуд. Дар баробари шаҳру ноҳияҳои ин вилоят инчунин ноҳияҳои минтақаи Рашт, ноҳияҳои Вахш, Фархор, Данғара ва Балҷувони вилояти Хатлон, шаҳри Норак, ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара ва дигар шаҳру ноҳияҳо низ аввалин шуда, аз иҷрои нақшаи даъват гузориш додаанд.

Тавре қаблан хабар додем, даъвату гусели шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ба роҳ монда шудааст.

Дар робита ба ин ҳоло дар комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҳисоби масъулини бахшу шуъбаҳои вобастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ комиссияҳои давлатии даъват таъсис дода шудаанд. Аъзои вобаста ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ давоми моҳҳои октябр ва ноябри соли равон даъвату гусели шаҳрвандонро ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сатҳи зарурӣ  ташкилу баргузор менамоянд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола дар ду мавсим, аз ҷумла давоми моҳҳои апрел-май ва октябр-ноябр ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

Дар баробари даъвату гусели шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамзамон сарбозоне, ки муҳлати муқаррагардидаи хизмати ҳарбиро дар қисму воҳидҳои низомии Артиши миллӣ, ҷузъу томи сохторҳои қудратии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ба итмом расонидаанд, давоми моҳҳои октябр-ноябри соли равон марҳила ба марҳила аз сафи қисмҳои ҳарбӣ ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 2, 2025 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд