ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Даъватшавандагони ноҳияи Мастчоҳ сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро пурра намуданд

Октябрь 2, 2025 18:50

ДУШАНБЕ, 02.10.2025.  /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ — шаҳраки Бӯстон ба муносибати Рӯзи даъватшаванда маросими бошукуҳи гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд.

Зимни маъракаи тантанавӣ ҷавонписарони ноҳия ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд.

Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода иброз намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мактаби воқеии мардонагӣ, ҷасорат ва садоқат ба Ватан маҳсуб шуда, ҳар ҷавон бояд шукронаи давлати озоду мустақилро намуда, бо ифтихор ва эҳсоси масъулияти бузург хизмати Модар-Ватанро ба ҷо орад.

Таъкид гардид, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозанд, ки ҳамеша барои ҳифзи марзу буми давлат, таъмини амнияти миллӣ, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ омода бошем.

Дар ҷамъомад даъватшаванда Авазмуҳаммад Ашурзода изҳор намуд, ки онҳо бо дилу нияти соф, бо эҳсоси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хизмати ҳарбӣ мераванд ва дар таҳкими қудрати мудофиавии давлат саҳми арзанда мегузоранд.

Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар ноҳияи Мастчоҳ Икром Ҳомидов иброз дошт, ки «даъватшавандагон ба муҳлати ду моҳ дар даври  кӯтоҳмуддати ронандагии ин ташкилот соҳиби донишу малакаи ронандагӣ гардиданд. Чунин тадбирҳо ба даъватшавандагон имконият медиҳанд, ки дар ҷараёни хизмати ҳарбӣ на танҳо вазифаҳои низомиро бо масъулияти баланд иҷро намоянд, балки ҳамчун мутахассиси соҳаҳои гуногун низ дар сафи Артиши миллӣ хизмат кунанд».

Ин иқдом бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дар ҳамкорӣ бо комиссариати ҳарбӣ доир гардида, омили муҳими баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба ҳисоб меравад.

Дар рӯзи нахустини маъракаи гусели даъватшавандагон ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Суғдиён ва Навбаҳор нахустин шуда, нақшаи даъватро пурра иҷро намуданд.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ 

Октябрь 2, 2025 18:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд