ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар ноҳияи Вахш дар рӯзи аввал иҷро шуд

Октябрь 1, 2025 12:35

ДУШАНБЕ, 01.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш ба муносибати гусели нахустин гурӯҳи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо иштироки масъулини  мақомоти давлатӣ,  фаъолон, даъватшавандагон ва волидони онҳо таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» барномаи бошукуҳ баргузор гардид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш хабар доданд.

Иброз гардид, ки маҳз тавассути хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ ҷавонон  обутоб меёбанд ва ҳамчун мардони шуҷои Ватан ба камол мерасанд. Дар баробари ин донишу малакаи сиёсии худро баланд бардошта, ҳифзи марзу бум ва замини Тоҷикистонро барои худ шараф ва ифтихор медонанд.

Дар ин рӯзи фараҳбахш ҷавонони ноҳияи Вахш ихтиёран ба комиссариати ҳарбии ноҳия омода, иброз намуданд, ки мехоҳанд қарзи шаҳрвандии худро дар назди давлату миллати тоҷик иҷро намоянд. Дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмат дар  қисмҳои ҳарбӣ чанд маротиба беҳтар гардидааст. Ин аст, ки ҷавонон бо руҳу илҳоми қавӣ хизмати ҳарбиро адо намуда, сарбаландона ба назди волидонашон  бармегарданд, ки ин боиси ифтихору сарфарозии   падарону модарон мегардад.

Дар идомаи ҳамоиш даъватшавандагон ва волидони онҳо низ дар мавзуи хизмат ба Ватан-Модар изҳори андеша намуда, ҷавононро ба ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва садоқатмандӣ даъват намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш

Октябрь 1, 2025 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд