ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуданд

Октябрь 1, 2025 10:10

РАШТ, 01.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Фарзандони содиқи миллатем!» маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд.

Дар майдони қисми ҳарбӣ даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои пайвастан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд. Бояд гуфт, ки имрӯз нақшаи даъвати ҳарбии ноҳияҳои Сангвор 100%, Лахш 100%, Тоҷикобод 100%, Нуробод 100% ва Рашт 100 фоиз иҷро гардид, ки дар натиҷа ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якуми маъракаи даъват 100 % иҷро намуданд.

Дар ҳамоиш масъулини ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, бо дуои неки модарон ва баргузор намудани маросими кулчагазон наваскаронро гусел карданд.

Дар ҳамоиши идона иброз гардид, ки «хизмат ба Ватан- хизмат ба падару модар, аҳли оила, зодгоҳ ва сарзамини аҷдодӣ мебошад. Аз ин лиҳоз ҳар яки мо бояд ватанро дар баробари ҷони худ, мисли модари худ дӯст дорем ва онро ҷавонмардона ҳимоя ва ҳифз намоем. Фаромӯш набояд кард, ки танҳо шахси воқеан ватандӯст, ба мисли шумо даъватшавандагони азиз, метавонад бо тамоми ҳастӣ амният ва ободии Ватани худро ҳифз намояд».

Даъватшавандагони ноҳияҳои минтақаи Рашт иброз доштанд, ки «мо бо амри дил ва ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ пайваст мешавем. Мо ҳам мисли дигар ҷавонмардони Ватан ихтиёрона ба артиши миллӣ ҷалб гардидем. Маҳз масъулиятшиносии ҷавонон аст, ки ҳамасола дар ноҳияҳои минтақа сари вақт нақшаи даъвати ҳарбӣ сад фоиз иҷро мегардад. Мо бо боварӣ мегӯем, ки ватанамонро содиқона ҳифз намуда, сарбаландона ба назди падару модар бармегардем».

Дар ҳамоиш ба 190 нафар наваскароне, ки даври ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа»-ро аз ҳисоби Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақаи Рашт хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ дохил шудан ба таври ихтиёрӣ ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.

Дар ин рӯзи хурсандӣ модари даъватшаванда Донагул Аҳророва гуфт, ки «мо, модарон сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро содиқона дастгирӣ намуда, фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия менамоем. Имрӯз мебинем, ки чӣ гуна фарзандони мо масъулияти ватандӯстиро ҳис намуда, бо сари баланд ба сафи Артиши миллӣ мепайванданд. Аз ин рӯ мо, модарони Раштонзамин аз он ифтихор менамоем, ки фарзандони мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, ба ҳифзи марзу буми Ватани азизамон камари ҳиммат бастаанд ва ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ гардиданд».

Дар ҳамоиши идона чун анъанаи гузаштагон маросими «Кулчагазон» доир гардида, барои болидахотирии наваскарон барномаи ҳунарӣ баргузор шуд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 1, 2025 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд