ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ноҳияи Данғара нақшаи даъвати тирамоҳиро 100 фоиз иҷро намуд
ДУШАНБЕ, 02.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Данғара нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар рӯзи нахустин пурра иҷро гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара иттилоъ доданд.
Дар рӯзи нахустин иҷро гардидани нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз хештаншиносӣ, масъулиятшиносӣ ва муқаддас доштани хоки ин сарзамин аз ҷониби ҷавонони ноҳияи Данғара дарак медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар саросари ҷумҳурӣ маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид, ки то охири моҳи ноябр идома меёбад. Масъулини мақомоти давлатии вобаста ба даъват дар якҷоягӣ бо кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ барои дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ тадбирҳои зарурӣ андешидаанд.
Тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» шаҳрвандони синни даъватӣ дар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бо мақсади омӯзиш бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






