Дмитрий Семёнов: «Синамоҷашнвораи байналмилалии «Тоҷи Сомон» фазои ҳамкории байналмилалӣ фароҳам овард»

Октябрь 19, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 19.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Баргузории синамоҷашнвораҳо ҳамеша майдони вохӯрӣ, мубодилаи афкор ва ташаккули ҳамкории нав мебошад. Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» низ чунин фазоро барои муаррифии синамои миллӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣ фароҳам овард. Чунин иброз дошт директори генералии киностудияи миллии «Беларусфилм» Дмитрий Семёнов дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

«Дар доираи ин синамоҷашнвора мо на танҳо филмҳоро тамошо кардем, балки бо намояндагони соҳаи синамои тоҷик гуфтугӯҳои муфид ва умедбахш анҷом додем. Мо бо чанд филми тозаэҷоди тоҷикӣ шинос шудем ва боварӣ дорем, ки ҳамкории мутақобили мо дар оянда дар самти тавлиди филмҳои муштарак рушд меёбанд», — изҳор дошт Дмитрий Семёнов.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, киностудияи миллии Беларус омода аст, ки бо синамогарони тоҷик дар бахшҳои истеҳсол, омӯзиш ва мубодилаи таҷриба ҳамкорӣ намояд.

«Бароямон муҳим аст, ки чунин платформаҳо на танҳо робитаҳои фарҳангиро тақвият мебахшанд, балки ба истеҳсоли муштараки филмҳои баландсифат мусоидат мекунанд. Умед дорем, ки ҳамкории Беларус ва Тоҷикистон дар самти синамо беш аз пеш рушд хоҳад кард», — таъкид намуд директори генералии «Беларусфилм».

Ёдовар мешавем, ки Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» дар ду сол як маротиба баргузор мегардад. Имсол синамоҷашнвора 15 октябр оғоз ёфта, то 20 октябр идома меёбад. Дар он синамогарон аз Тоҷикистон, Русия, Беларус, Эрон, Узбекистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо иштирок доранд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 19, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд