Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2025 фаъолияти назаррас дошт
ДУШАНБЕ, 12.10.2025 /АМИТ «Ховар»/ — 11 октябр дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти раёсати ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода ҷаласаи васеи Шурои олимон доир гардид. Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти нуҳмоҳаи донишгоҳ ва сохторҳои он дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа аъзои Шурои олимон, ректорони донишкадаҳои байналмилалии Левакант, Данғара ва Хуҷанд, роҳбарони институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ, марказҳо, коллеҷҳо, литсейҳо, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва кормандони бахшҳои гуногуни донишгоҳ иштирок намуданд.
Убайдулло Асрорзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки дар Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ пешниҳод гардидани табдили Институти сайёҳии донишгоҳ ба Академияи сайёҳӣ дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат қадами устувор дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ дар низоми таҳсилоти бисёрзинагӣ маънидод гардид.
Ба иттилои ректор, донишгоҳ дар ин давра дар руҳияи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат фаъолияти хешро ба таҳкими нуфузи байналмилалӣ, густариши ҳамкории илмӣ-таълимӣ бо муассисаҳои хориҷӣ, боло бурдани сатҳи тахассуси омӯзгорон ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ равона намуд.
Дар давраи нуҳмоҳа донишгоҳ бо татбиқи Стратегияи рушди худ дар ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва шарикони рушд, нуфуз ва мавқеи худро дар фазои таҳсилоти миллӣ ва ҷаҳонӣ тақвият бахшид.
Изҳор гардид, ки иҷрои саривақтӣ ва босамари қарорҳои Шурои олимон, раёсат ва ҷаласаҳои назоратӣ ба таҳкими низоми идоракунӣ ва болоравии нишондиҳандаҳои рушди донишгоҳ мусоидат намудаанд.
Дар фарҷоми ҷаласа Шурои олимон қарорҳои дахлдорро оид ба тақвияти фаъолият дар самтҳои таълим, менеҷменти сифат, илм, робитаҳои байналмилалӣ, тарбия ва хоҷагидорӣ барои давраҳои минбаъда қабул намуд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон










Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид






