Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Донишгоҳи шаҳрсозии Тянҷин дар соҳаи таҳсилоти муҳандисии муосир ҳамкорӣ менамояд

Октябрь 30, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 30.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тавсеаи ҳамкорӣ ва тақвияти робитаҳои дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти муҳандисӣ ва фаъолияти «Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин — Устохонаи Лубан», ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ  Қудрат Давлатзода бо фаъолияти Донишгоҳи шаҳрсозӣ ва Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи сохтмон ва шаҳрсозии шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин шинос шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи техникӣ хабар доданд, дар мулоқот бо роҳбарияти ин донишгоҳҳо масъалаҳои густариши ҳамкории илмӣ ва таълимӣ, татбиқи барномаҳои муштарак, ташкили таҳқиқоти илмии амалӣ ва рушди лоиҳаҳои нав дар самтҳои энергияи сабз, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва таҳсилоти муҳандисии муосир баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо дурнамои ҳамкории муштаракро дар самтҳои афзалиятноки таҳсилоти муҳандисӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав муҳокима намуданд.

Инчунин масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар доираи ташаббусҳои нави Ҷумҳурии Мардумии Чин дар қолаби «Созмони ҳамкории Шанхай-плюс» баррасӣ гардид. Таваҷҷуҳи махсус ба имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноати сабз, иқтисоди рақамӣ ва таҳқиқоти илмии муштарак зоҳир карда шуд.

Мусоҳибон  изҳори омодагӣ намуданд, ки дар доираи барномаҳои нави таҳқиқотӣ дар соли 2026 пешниҳодҳои муштараки илмӣ таҳия намоянд.

Ҳамзамон ректори донишгоҳ бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи шаҳрсозии шаҳри Тянҷин тибқи барномаҳои муштараки 2+2 ва 1+1 таҳсил менамоянд, вохӯрӣ намуд.

Дар  мулоқот  дар робита ба дастгириҳо ва иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон таъкид шуд. Иброз гардид ки Сарвари давлат дар самти илмомӯзии ҷавонон дар дохил ва хориҷи мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Тазаккур дода шуд, ки ҷавонон бояд ҳар лаҳзаи худро ғанимат шуморанд ва пайваста аз пайи мутолиа гарданд. Ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва ҷаҳон воқеъбинона назар намоянд, фарҳанги баланди сиёсӣ дошта бошанд ва манфиатҳои миллиро пайваста пуштибонӣ кунанд.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Октябрь 30, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар