Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Донишгоҳи шаҳрсозии Тянҷин дар соҳаи таҳсилоти муҳандисии муосир ҳамкорӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 30.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тавсеаи ҳамкорӣ ва тақвияти робитаҳои дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти муҳандисӣ ва фаъолияти «Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин — Устохонаи Лубан», ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Қудрат Давлатзода бо фаъолияти Донишгоҳи шаҳрсозӣ ва Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи сохтмон ва шаҳрсозии шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин шинос шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи техникӣ хабар доданд, дар мулоқот бо роҳбарияти ин донишгоҳҳо масъалаҳои густариши ҳамкории илмӣ ва таълимӣ, татбиқи барномаҳои муштарак, ташкили таҳқиқоти илмии амалӣ ва рушди лоиҳаҳои нав дар самтҳои энергияи сабз, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва таҳсилоти муҳандисии муосир баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо дурнамои ҳамкории муштаракро дар самтҳои афзалиятноки таҳсилоти муҳандисӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав муҳокима намуданд.
Инчунин масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар доираи ташаббусҳои нави Ҷумҳурии Мардумии Чин дар қолаби «Созмони ҳамкории Шанхай-плюс» баррасӣ гардид. Таваҷҷуҳи махсус ба имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноати сабз, иқтисоди рақамӣ ва таҳқиқоти илмии муштарак зоҳир карда шуд.
Мусоҳибон изҳори омодагӣ намуданд, ки дар доираи барномаҳои нави таҳқиқотӣ дар соли 2026 пешниҳодҳои муштараки илмӣ таҳия намоянд.
Ҳамзамон ректори донишгоҳ бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи шаҳрсозии шаҳри Тянҷин тибқи барномаҳои муштараки 2+2 ва 1+1 таҳсил менамоянд, вохӯрӣ намуд.
Дар мулоқот дар робита ба дастгириҳо ва иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон таъкид шуд. Иброз гардид ки Сарвари давлат дар самти илмомӯзии ҷавонон дар дохил ва хориҷи мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Тазаккур дода шуд, ки ҷавонон бояд ҳар лаҳзаи худро ғанимат шуморанд ва пайваста аз пайи мутолиа гарданд. Ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва ҷаҳон воқеъбинона назар намоянд, фарҳанги баланди сиёсӣ дошта бошанд ва манфиатҳои миллиро пайваста пуштибонӣ кунанд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






