Довталабони иҷозатномаи «PRO» оид ба футбол таҷрибаомӯзиро дар дастаи миллии Тоҷикистон анҷом доданд

Октябрь 20, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 20.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон даври омӯзишии мураббигии «Pro», ки сатҳи баландтарин дар таълими мураббигӣ мебошад, ба анҷом расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, довталабон аз 9 то 14 октябр дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҷриба омӯхтанд. Дар ҷараёни таҷрибаомӯзӣ онҳо имкон пайдо карданд, ки на танҳо бо раванди тамрини тими миллии мамлакат  шинос шаванд, балки кори ҳайати мураббиёнро ҳангоми омодагӣ ба бозиҳои расмӣ мушоҳида кунанд.

Давраи таҷрибаомӯзӣ бо ду бозии тими миллии Тоҷикистон ба муқобили дастаи яккачини Малдив дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 (2:0 ва 3:0) рост омад. Бозии аввал 9 октябр дар Ҳисор ва бозии дуюм 14 октябр дар Мале баргузор шуд.

Акнун, пас аз анҷоми марҳилаи амалӣ довталабон имтиҳони охиринро, ки моҳи ноябр баргузор мешавад, месупоранд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 20, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад