Эҳтироми муаллим вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси Ватан аст

ДУШАНБЕ, 04.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муаллим, устод, омӯзгор. Чун ин мафҳумҳоро ба забон меорем дар пеши назар чеҳраи нуронии шахсе намудор мегардад, ки тамоми ҳаёти хешро баҳри тарбияи насли наврас бахшидааст. Агар барои аз хоби ноз бедор сохтани табиат баҳор лозим бошад, пас баҳри саводнок шудану ба роҳи рост рафтани инсоният муаллим нақши калон дорад. Ҳеҷ кас аз батни модар оқилу донишманд ба дунё наомадааст. Хизмати муаллим аст, ки устод Рӯдакиро чун шоири шоирон, ҳаким Фирдавсиро чун муаллифи асари безаволи «Шоҳнома», Айнӣ, Лоиқ, Турсунзода, Гулназар, Меҳмон Бахтӣ, Аскар Ҳаким, Фарзона, Кароматулло Олимов ва дигар адибонро ҷовидон ба камол расонид.
Аз рӯзи аввали ба мактаб қадам монданамон муаллим моро бо рӯйи кушоду чеҳраи хандон пешвоз мегирад ва ба мо хондану навиштан, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва гуфтору рафтори одамиро меомӯзонад. Пас аз чанд сол бо ҳамон чеҳраи кушод ба зиндагии мустақилона мегуселонад.
Муаллим ҳамеша кӯшиш менамояд, ки шогирди хуберо барои ҷомеа ба воя расонад. Барои ин ӯ чӣ қадар нури чашмонашро аз даст медиҳад, мӯйи сарашро сафед мекунад, вале боре ҳам шикоят накарда, ба кори худ содиқ мемонад. Пас мо шогирдонро мебояд ҳамаи заҳматҳои кашидаи устодонро пос дорем ва корҳоеро ба сомон расонем, ки устодон аз мо бифахранд.
Муаллим касби пурифтихор, бошараф ва соҳибрисолат аст. Муаллим барои гулгулшукуфоии низоми ҷомеа, соҳибмаърифатии аҳли ҷомеа, соҳибтамаддунӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ хизмат кардааст. Муаллим бо ақл, бо хирад, бо тааммул муносибат мекунад. Бурдбор аст, сабур аст ва заҳмат ба харҷ медиҳад то наслро ба камол расонад. Насли оддӣ не, насли созанда, бунёдкор, дурандеш, худшинос, худогоҳ, ҷомеасоз. Он ҷое, ки муаллим қадам мегузорад, эҳсос карда мешавад, ки пешорӯйи ӯ дастаи нур равон аст. Ин нур нури хирад, нури маърифат, нури дониш, нури солимии тафаккур аст. Ва он ҷое, ки нур аст, шароиту имконияте ҳаст, ки мардум аз он баҳраманд шаванд. Муаллим ғарқи дарёи дониш, муаллим ғарқи анбуҳи китоб, муаллим шабзиндадор, муаллим ҳамқадаму ҳамнафаси қаламу дафтару китоб аст. Муаллим кӯшиш ба харҷ медиҳад солҳои тӯлонӣ меомӯзад, то ки баҳри ҷомеа насли созандаву бунёдкорро ба воя расонад. Муаллим соҳиби андеша, соҳиби андарз, соҳиби панду ҳикмат аст.
Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи мафилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз устодон- омӯзгорон аст. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зима гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамояд, илм меомӯзанд, ки чандон кори осон нест.
Хуррам онест, ки сазовори номи бузургу ин касби пуршараф аст. Омӯзгорӣ касби ниҳоят пуршараф аст ва омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Аммо донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад. Чандон осон нест, ки аз тифле, ки аз олами маънӣ хабаре надорад, олиме сохт.
Тавре Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон таъкид карда буданд, ки «Мусаллам аст, ки фаъолияти омӯзгор асосан аз ду самт ё ҷанбаи муҳим иборат аст: таълим ва тарбия. Ин ду самт ба ҳамдигар пайванди узвӣ доранд ва якеро бе дигаре наметавон тасаввур кард. Омӯзгори асил бояд ин пайвастагиро ҳамеша дар мадди назар дошта бошад».
Муаллим барои тарбия ёфтан, ба камол расидан ва бузург гаштани ҳар як шогирдаш кӯшиши беандоза мекунад. Зеро шогирди хуб ифтихори муаллим мегардад. Даме, ки шогирди муаллим шахси обрӯманд мегардад, бевосита аввалиндараҷа номи муаллимашро мегирад.
Сарвари маорифпарвари мо, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо маорифро соҳаи афзалиятнок шуморида, қадру эътибори муаллимро хело боло бардоштаанд, ки баҳои олӣ заҳмати муаллим аст.
Боиси ифтихор ва сарфарозии тамоми мардуми тоҷик аст, ки дар даврони истиқлоли миллӣ мақому манзалати омӯзгор пайваста боло меравад. Ин ҳама аз ғамхориҳои рӯзафзуни маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф паём аз он мерасонад, ки муаллим воқеан чароғи маърифати ҷомеа мебошад.
Аҳли маориф бояд ифтихорманд аз он бошанд, ки бузургтарин ва пуршарафтарин масъулият- донишомӯзӣ ба насли наврасро ба дӯш доранд. Баҳри иҷрои муваффақонаи ин рисолати волои хеш онҳо бо тамоми ҳастӣ ва бо камоли масъулият фаъолият менамоянд.
Аз ин лиҳоз, мо бо камоли боварӣ ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаҳои касбии устодону омӯзгорон, майлу рағбат ба дониш, илм ва касбомӯзӣ доштаи шогирдон, таваҷҷуҳу масъулиятшиносии падару модарон ва самимона ба мактабу маориф рӯ овардани ҳамдиёрон умед баста, саҳми назарраси аҳли илму зиё ва устодони закиро дар рушду нумӯи ин кишвар, алалхусус дастгирию ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандона ва ҳадафҳои стратегии давлат, баргузорӣ ва амалисозии чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва оммавию маърифатӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва деҳот дарку эҳсос карда, пайваста қадршиносӣ карда мешаванд.
Ба қавли бузургони роҳи илму маърифат, омӯзгор муҳандиси руҳи инсон аст. Ба гунае, ки муҳандис кореро нақшабандию тарҳрезӣ менамояд, омӯзгор низ аз рӯзи аввал ба шогирдон илму адаб меомӯзад ва онҳоро бо таълиму тадрису тарбия ба ҳаёти оянда омода месозад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сиёсат қадам гузоштанашон ба мақоми омӯзгор дар таълиму тарбияи ҷавонон, ки ояндаи давлату миллат аз онҳо вобаста аст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Аз ҷумла 1-уми сентябри соли 2013 зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш таъкид карда буданд: «Давлату Ҳукумат аз шумо, устодону омӯзгорони арҷманд, умед ва ба шумо эътимоди комил дорад, зеро инсоният ба омӯзгор ҳамеша ниёз дошту дорад. Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Омӯзгори дилсӯзу бомаърифат ва ба тарбияи инсон содиқ чароғи маърифат ва боигарии миллат аст. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ чунин хоҳанд монд».
Касби омӯзгорӣ ба монанди нурест, ки чашми хиради шогирдонро равшан менамояд ва роҳи онҳоро дар ҳаёт бо нури ақлу маърифат мунаввар мегардонад. Ӯ танҳо касест, ки бо заҳмату талошҳои пайваставу беғаразонаи худ ба шогирдон хирад омӯхта, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои бузург ба онҳо роҳнамоӣ менамояд.
Бузургони роҳи маънӣ омӯзгорро меъмори тафаккури инсон ва оинаи рӯзгори халқ мегӯянд, оинае, ки инсон ба он нигариста, камбудиву нуқсонҳои худро бартараф мекунад. Яъне, омӯзгор шахсест ҳамчун намуна барои ибрат, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрат аст.
Илова бар ин, Ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф такя намуда, барои рушди он чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Дар чунин ҳолат моро зарур аст, ки барои ҳамчун кишвари мутамаддин муаррифӣ намудани Ватани худ саҳмгузор бошем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша иброз менамоянд, ки «Бо назардошти он, ки илму маориф соҳаҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбанд, мо ислоҳотро дар ин самт идома дода, пояҳои моддиву техникии ин соҳаҳоро таҳким мебахшем ва мақоми омӯзгорро дар ҷомеа минъбад низ баланд мебардорем».
Хулоса, омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикри моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муаррифӣ мекунад. Деҳқону муҳандис, духтуру шоир ҳама парвардаи оғӯши биҳиштосои муаллиманд. Тобиши зиндагӣ бори дигар собит месозад, ки давлати муаллим шогирдонаш мебошанд. Ӯ аз пешрафт комёбии эшон ифтихор мекунад.
Хушбахтона дар мушкилтарин даврони зиндагии мо омӯзгорон дар хидмати халқу Ватан қадр доранд, аз ин хотир эҳтироми муаллим вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси Ватан аст.
Орифҷон ОЛИМЗОДА,
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб