Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии «Шилингел» дар Олмон намоиш дода шуд

Октябрь 6, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 06.10.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Филми ҳунарии муштараки Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», «Довфилм» ва ширкатҳои маъруфи эронии «IFilm» ва «30CUP» «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали 30-юми байналмилалии бачагон ва наврасон «Шилингел» дар шаҳри Хемнитсеи Олмон намоиш дода шуд, ки аз ҷониби тамошобини гуногунсол ва аҳли ҳунар баҳои баланд гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти «Довфилм» хабар доданд.

Барои иштирок дар кинофестивали «Шилингел» беш аз 3000 филм пешниҳод гардида буд. Дар он 212 филм аз 58 давлати ҷаҳон намоиш дода шуд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» пешниҳоди тамошобин гардид.

Филм дар Тоҷикистон наворбардорӣ шуда, аз рӯзгори Далер ном тарбиятгирандаи мактаб-интернат, ки дар суроғи модараш ба сафари тӯлонӣ мебарояд, ривоят мекунад.

Коргардон ва таҳиягари филм Муҳиддини Музаффар буда, филмномаро Бахтиёр Каримов навиштааст.

Филм пурра дар пасманзари табиати зебои Тоҷикистон сабт гардида, садобардорӣ, танзим ва оҳангсозии он дар Эрон анҷом дода шуд. Оҳангсози филм яке аз бастакорони маъруфи Ҷумҳурии Исломии Эрон  Фардин Халъатбарӣ мебошад. Ораш Қосимӣ — садогузор, Имоди Худобахш — танзимгар, Амири Тоҷик ва Муҳиддини Музаффар таҳиягарони филм мебошанд.

Дар нақшҳои марказӣ Хуршед Мустафоев, Сайёра Сафарӣ, Абдулло Абдураҳимзода, Шаҳло Раҳимӣ, Исфандиёр Ғуломов, Моҳпайкар Ёрова, Асалбек Назриев ва Асланшо Раҳматуллоев ҳунарнамоӣ кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки нахустнамоиши филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Тоҷикистон нимаи дуюми октябр дар доираи Синамоҷашвораи дуюми байналмилалии «Тоҷи Сомон» баргузор мегардад.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 6, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар