Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии «Шилингел» дар Олмон намоиш дода шуд
ДУШАНБЕ, 06.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Филми ҳунарии муштараки Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», «Довфилм» ва ширкатҳои маъруфи эронии «IFilm» ва «30CUP» «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали 30-юми байналмилалии бачагон ва наврасон «Шилингел» дар шаҳри Хемнитсеи Олмон намоиш дода шуд, ки аз ҷониби тамошобини гуногунсол ва аҳли ҳунар баҳои баланд гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти «Довфилм» хабар доданд.
Барои иштирок дар кинофестивали «Шилингел» беш аз 3000 филм пешниҳод гардида буд. Дар он 212 филм аз 58 давлати ҷаҳон намоиш дода шуд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» пешниҳоди тамошобин гардид.
Филм дар Тоҷикистон наворбардорӣ шуда, аз рӯзгори Далер ном тарбиятгирандаи мактаб-интернат, ки дар суроғи модараш ба сафари тӯлонӣ мебарояд, ривоят мекунад.
Коргардон ва таҳиягари филм Муҳиддини Музаффар буда, филмномаро Бахтиёр Каримов навиштааст.
Филм пурра дар пасманзари табиати зебои Тоҷикистон сабт гардида, садобардорӣ, танзим ва оҳангсозии он дар Эрон анҷом дода шуд. Оҳангсози филм яке аз бастакорони маъруфи Ҷумҳурии Исломии Эрон Фардин Халъатбарӣ мебошад. Ораш Қосимӣ — садогузор, Имоди Худобахш — танзимгар, Амири Тоҷик ва Муҳиддини Музаффар таҳиягарони филм мебошанд.
Дар нақшҳои марказӣ Хуршед Мустафоев, Сайёра Сафарӣ, Абдулло Абдураҳимзода, Шаҳло Раҳимӣ, Исфандиёр Ғуломов, Моҳпайкар Ёрова, Асалбек Назриев ва Асланшо Раҳматуллоев ҳунарнамоӣ кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки нахустнамоиши филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Тоҷикистон нимаи дуюми октябр дар доираи Синамоҷашвораи дуюми байналмилалии «Тоҷи Сомон» баргузор мегардад.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






