ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи «Регар-ТадАЗ» бо тими «Сафо»-и Лубнон бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 31.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз барандаи Ҷоми Тоҷикистон, дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бозии охирини худро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2025/26 дар гурӯҳи «С» бо дастаи футболи «Сафо»-и Лубнон анҷом медиҳад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бозии ин дастаҳо дар Варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қиғизистон баргузор гардида, соати 15:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Хотиррасон мешавем, ки дар даври якум дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо дастаи футболи «Мурас Юнайтед»-и Қиғизистон натиҷаи мусовии беголро ба қайд гирифта буд.
Дар даври дуюм дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода аз дастаи футболи «Ал-Арабӣ»-и Кувайт бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб шуд. Голи дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзодаро дар ин бозӣ ҷолиб Шервонӣ Мабатшоев ба ҳадаф расонид.
Ҳоло дар гурӯҳи «С» дастаи футболи «Мурас Юнайтед»-и Қиғизистон бо 4 имтиёз дар зинаи аввал аст. Дастаи «Ал-Арабӣ»-и Кувайт ҳам 4 имтиёз дорад ва дар зинаи дуюм аст. Дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо «Сафо»-и Лубнон соҳиби 1 имтиёзӣ буда, дар зинаҳои сеюм ва чаҳорум қарор доранд.
Ҳамин тавр, дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода имкони аз гурӯҳ баромаданро аз даст дод.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






