ФУТБОЛ. Шервонӣ Мабатшоев ва Алишер Тухтаев беҳтарин бозингар ва мураббии моҳи сентябр дониста шуданд
ДУШАНБЕ, 03.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари дастаи «Регар-ТадАЗ» Шервонӣ Мабатшоев ва сармураббии тими шаҳри Турсунзода Алишер Тухтаев беҳтарин бозингар ва беҳтарин мураббии моҳи сентябр дар Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ-2025 оид ба футбол дониста шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Моҳи гузашта ҳамлагари дастаи «Регар-ТадАЗ» Шервонӣ Мабатшоев дар се бозӣ, аз ҷумла, дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 муқобили «Эсхата» (5:0) се гол зада, беҳтарин бозингар дониста шуд.
Моҳи сентябр дастаи «Регар ТадАЗ» бо роҳбарии Алишер Тухтаев чаҳор вохӯрӣ анҷом дод. Футболбозони Турсунзода дар бозии ҳалкунандаи Ҷоми мамлакат пирӯз шуда, дар Чемпионати Тоҷикистон-2025 низ «Истаравшан» (4:2) ва «Хуҷанд»-ро (1:0) шикаст дод.
Беҳтарин бозингар ва мураббии моҳи сентябр дар Чемпионати Тоҷикистон-2025 аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон ҳар кадом бо 3 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд






