Горан Стеванович сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъин шуд

Октябрь 3, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 03.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон ситоди нави мураббиёни дастаи мунтахаби мамлакатро тасдиқ кард. Горан Стевановичи 58-сола сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, Горан Стеванович тими миллии Ганаро дар солҳои гуногун роҳбарӣ карда, бо ин даста дар Ҷоми миллатҳои Африқо иштирок кардааст. Ҳамчунин ин мутахассиси сербӣ дар дастаи то 21-солаи Сербия низ фаъолият доштааст. Стеванович дар Ҷоми ҷаҳон-2006 ба ҳайси ёвари мураббии тими миллии Сербия фаъолият намудааст.

Дар сатҳи бошгоҳӣ бошад, Стеванович дастаҳои Сербия, Юнон ва Чинро роҳбарӣ кардааст.

Ба ситоди Горан Стеванович ду ҳамватанаш шомил хоҳад шуд. Радмило Азаниятс, ки қаблан дар бошгоҳҳои Қазоқистон (Тараз ва Атирау) кор кардааст, ёвари ӯ хоҳад буд. Милан Павлович, ки корномаи мураббигиаш дар бошгоҳҳои Сербистон, Чин ва Юнон идома ёфтааст,  ёвари дуюми Стеванович мешавад.

Ба Стеванович Алифбек Беромов, сармураббии дастаи «Барқчӣ» низ ёрӣ  мерасонад. Алишер Тӯйчиев дар тими миллии Тоҷикистон ба ҳайси мураббии дарвозабонҳо фаъолиятро идома медиҳад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 3, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад