Хуч дар баробари пистаю чормағз зироати асосӣ ва фоидабахши соҳаи ҷангали Тоҷикистон ба ҳисоб меравад
ДУШАНБЕ, 12.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Мавсими ҷамъоварии меваи хуч фаро расидааст. Кишоварзон аз оғози моҳи сентябр дар баъзе минтақаҳои мамлакат то охири моҳи октябр меваи онро ҷамъоварӣ менамоянд. Аҳамияти иқтисодии буттаи хуч дар он аст, ки баъд аз ду сол ба ҳосил медарояд. Аз як буттаи хуч то 5-10 килограмм меваи тар ҷамъоварӣ намудан мумкин аст, яъне аз як гектар боғи хуч то 4 — 8 тонна маҳсулоти тар ё 2 – 4 тонна меваи хушк ҷамъоварӣ кардан мумкин аст.
Хуч аҳамияти калони экологӣ низ дорад, он, аз ҷумла дар мубориза бар зидди шусташавии хок, мустаҳкам кардани қумзор ва заминҳое, ки барои истифодаи кишоварзӣ номувофиқ мебошанд, истифода бурда мешавад. Дар ҷаҳон зиёда аз 400 навъи хуч мерӯяд, дар Тоҷикистон 18 навъи он парвариш шуда, навъҳои худрӯй низ ҳастанд.
Ба иттилои директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Шарофиддин Кароматов, хуч дар баробари пистаю чормағз зироати асосӣ ва фоидабахши соҳаи ҷангали Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Хучро дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон парвариш намудан мумкин аст. Хусусияти биологии хуч он аст, ки ба гармӣ ва равшанӣ эҳтиёҷи баланд дорад. Нарасидани гармӣ ва рӯшноӣ дар тобистон ва бо намӣ таъмин нашудани он сабаби суст афзоиш ёфтани бутта, навдаҳои ҷавон ва кам гардидани ҳосили соли оянда мегардад.
Муҳлати аз ҳама беҳтарин барои шинонидани ниҳолҳо тирамоҳ-баъд аз рехтани баргҳо мебошад. Ниҳолҳоро дар аввали фасли баҳор низ то зиндашавии табиат мешинонанд. Дар фасли зимистон шинонидани ниҳолҳо дар ҳолати то 5 дараҷа гарм будани ҳаво шинонидан мумкин аст. Хучро аз дона ва пайванди он зиёд кардан мумкин аст. Пеш аз шинонидани решаҳо пору ва намии чуқурии он бояд таъмин карда шавад. Давоми сол на кам аз ду маротиба бояд бехи ниҳолҳо ва байни қаторҳо нарм карда шавад.
Тавре мутахассисони Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино иброз намуданд, меваи хуч дорои ранги норинҷии сурх то сурхи ҷигарии ҷилодиҳанда мебошад. Дамобаи хуч хосияти талхаронӣ дошта, аз витаминҳои гуногун иборат аст. Он дар таркибаш кислотаи аскорбинӣ, витаминҳои В,К,Р, Е, каратиноидҳо ва дигар моддаҳои фаъоли биологӣ дорад.
Табибон истеъмоли онро барои табобати бемориҳои ҷигар (газаки талхадон, газаки ҷигар), гурда, масона, дил, фишори баланд, зиёдшавии туршии шираи меъда ва сардард тавсия медиҳанд.
Ба тавсияи мутахассисон, тақрибан 10 грамм (1 қошуқи ошӣ) хучро дар зарфи шишагӣ, чинӣ ё зарфи сирдор гирифта, ба болои он 200 милиграмм (1 истакон) оби гарми ҷӯшида рехта, бо сарпӯш маҳкам карда, дар болои товаи буғӣ 15 дақиқа нигоҳ доштан зарур аст. Баъдан дар ҳарорати хона 45 дақиқа хунук карда, рӯзе 2 маротиба нимистаконӣ баъд аз хӯрок истеъмол намудан заурр аст.
Хучро асосан дар саноати дорусозӣ васеъ истифода мебаранд. Зеро хуч манбаи ликопин ва витаминҳои А, В, Е, К мебошад, ҳамчунин дар таркибаш оҳан, магний ва дигар моддаҳои минералии фоиданок дорад.
Таҳқиқоти олимон собит намуд, ки дар таркиби хуч витамини С нисбат ба лимӯ, мандарин ва афлесун 60 маротиба бештар вуҷуд дорад. Ин витамин иммунитети инсонро пурқувват гардонида, ба мубориза бар зидди вирусу микроб ва бемориҳои сироятӣ тобовар менамояд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Наврӯз ҷашнест, ки ба ҷаҳониён фарҳанги таърихии миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ






