ИДИ МЕҲРГОН-МЕРОСИ НИЁГОН. Давоми таърих дар фарҳанги мардум арзишҳои озмудашудаи миллат побарҷо мондаанд
 
			
					
										ДУШАНБЕ, 17.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон 19 октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт баргузор карда мешавад. Дар доираи таҷлили ҷашни Меҳргон баргузории чорабиниҳои ҷолиб, аз ҷумла «Фестивали намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ», «Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал», «Иди тарбузу харбуза ва каду», «Иди себ ва ангур», «Фестивали оши палов», инчунин «Намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ» дар назар аст.
Вобаста ба ин иди аҷдодӣ андешаҳои ходими калони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зебуннисо Зиёеваро пешкаш менамоем:
— Дар қарни XXI боз бештару беҳтар маълуму равшан гардид, ки ояндаи ҷумҳурӣ ва тақдири насли ҷавон аз ҳифзу густариши мероси фарҳангии мардум вобастагӣ дорад. Таҷрибаи талхи солҳои гузашта нишон дод, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ супоридани беҳтарин суннатҳои мардумӣ ва канда шудан аз арзишҳои руҳонию маънавӣ сабаби таназзулу буҳрони зиндагии иҷтимоӣ мегардад. Сабабҳои афзудани ҷиноят, нашъамандӣ, фақр, бекорӣ, фурӯ рафтани ахлоқи хонавода, низоъҳои миллӣ, қавмӣ ва маҳалгароӣ низ аз надонистан ва камтаваҷҷуҳӣ ба мероси фарҳангии мардум мебошанд. Имрӯз, ки обрӯ ва эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон боло меравад, эҳё ва такомули фарҳанги миллӣ ҷойгоҳи хоссаеро доро мегардад. Моро зарур аст, ки аз фарҳанги бегона дар канор бошем ва думболи рушди арзишҳои фарҳанги хеш гардем.
Воқеан, мероси фарҳанги тоҷикӣ дӯстдоштанист ва дар умқи таърих реша дорад. Фарҳанги мардуми тоҷик таърих аст ва таърихи мардуми тоҷик фарҳанг аст. Зебоӣ ва хираду руҳонияти он мерос ҳоло побарҷо буда, дар ҳамосаҳо, қиссаю достонҳо, дар либосҳо ва дар умум дар ҳувияти тоҷикӣ инъикос гардидаанд.
Солҳои охир бештари ҷашну маросим ва суннату анъанаҳо азнав эҳё гардиданд. Бо ёрии онҳо ҷомеаи имрӯза дар бораи рӯзгору замонҳои қадим, ки аҷдодони мо чӣ гуна бо табиат, замону фазо дар ҳолати мутаносиб мезистанд, ба хонавода, модар, ватан ва меҳнати ҳалол эҳтиром мегузоштанд, иттилои муфид ба даст меорад. Набояд фаромӯш созем, ки давоми таърих дар фарҳанги мардум арзишҳои озмудашудаи миллат побарҷо мондаанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин эҳёи ҷашну маросими мардумӣ роҳи наҷотест барои навсозии ҷомеаи имрӯз.
Мумкин аст, ки дар рӯзгорони гузашта мардуми мо ойинҳои дигаре доштаанд, ки рафта – рафта ба ҷиҳати гуногун аз байн рафтааст. Аммо, он чи ки дар ин ҷо омада, тақрибан бештари ойинҳое ҳастанд, ки то имрӯз боқӣ мондаанд ва то ба ин рӯзгор расидаанд. Аммо бовардоштҳои мардум беш аз ин аст ва барои гирдоварии ҳамаи онҳо солҳою фурсати зиёд зарур аст.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати хирадмандона ва фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ташаккули тафаккури бунёдкорӣ, тарбияи ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ, сулҳу ваҳдат дар ҷомеа ва ҳамдигарфаҳмии сокинони ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ноил шудан ба ҳадафҳои гуфташударо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути фарҳанги миллӣ, аз ҷумла бо роҳи эҳёи мероси таърихию фарҳангӣ арзёбӣ намудаанд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2000 чунин иброз намуда буданд: «Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз қарну асрҳо то имрӯз симои миллати худро, пеш аз ҳама, тавассути фарҳанг нигоҳ доштааст ва байни халқу миллатҳои дигар соҳиби нуфузу эътибор гардидааст».
Яке аз дастовардҳои бузурги фарҳанги даврони истиқлол, ки Президенти мамлакат ба он диққати ҷиддӣ додаанд, ин таҷлили ботантанаи санаҳои муҳими таърихию фарҳангии халқи тоҷик ба шумор мерафт.
Таҷлили ҷашнҳои миллӣ дар сарзамини мо сабаби худшиносию худогоҳӣ, ифтихори ватанпарастию ғурури миллӣ, пойдории сулҳу ваҳдат ва мустаҳкамгардии он мегардад.
Меҳргон чун Наврӯз аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёитабор мебошад. Агар Наврӯз оғози баҳор, оғози соли нав ва эътидоли баҳории Хуршед дар бурҷи Ҳамал бошад, Меҳргон оғози нимаи дуюми сол ва ё фасли тирамоҳ- ҳулули Хуршед дар бурҷи Мизон мебошад. Ин ду ҷашнро дар сарчашмаҳои қадимӣ ду қутби зиндагонии мардум муаррифӣ намудаанд, ки аз Наврӯз дар айёми баҳор шуруъ гардида, дар замони таҷлили Меҳргон, яъне дар тирамоҳ ба анҷом мерасанд. Маънои калимаи «меҳргон» меҳр-Митра-Хуршед мебошад.
Ин ҷашн низ ба монанди Наврӯз ҷанбаҳои гуногуни таърихӣ, нуҷумӣ, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ дорад. Агар ҷанбаи таърихии он якчанд ҳодисаҳои муборизаи некӣ бар бадӣ, нур бар зулмот ва барқарор намудани адлу ростиро дар бар гирад, ҷараёни офариниши оламу ҷаҳоншиносӣ масъалаи нуҷумии онро фаро мегирад.
Дар хусуси пайдоиш ва суннатҳои ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеии ниёгони мо андешаҳои гуногун аст. Нахустин андешаҳо перомуни ин масъала ба суннатҳои мардуми ориёитабор рост меоянд, ки мувофиқи он мутобиқати ҳар рӯзи моҳро бо номи он ҷашн мегирифтанд. Маҳз дар ҳамин хусус рисолаи махсусе бо номи «Рисолаи рӯзҳо» то замони мо расидааст, ки дар он шарҳи моҳияти рӯзҳои моҳ, аз ҷумла хосияти мутобиқати номи рӯз бо номи моҳ, ки сабаби ҷашн гирифтани он мегардад, баён шудааст. Ва бо сабаби мувофиқ омадани номи яке аз рӯзҳо ба номи моҳи Меҳр ба он пасованди «гон»-ро изофа намуда, «Меҳргон» гуфтаанд ва дар рӯзи 16-уми моҳи Меҳр, ки баробар ба рӯзи 8 октябри мелодист, ҷашн мегирифтанд.
Аз нигоришу тавсифҳои аҳли илму адаб ва ривоятҳои бостонӣ бармеояд, ки Меҳргон ҷашнест табиӣ. Меҳргон айёмест, ки ба табиат, ба салтанат ва рӯзгори мардум иртибот дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»










 МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мавиз хушкмеваи фоидабахш ва серғизо буда, аз витаминҳо бой аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мавиз хушкмеваи фоидабахш ва серғизо буда, аз витаминҳо бой аст ШАҲРИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ. Панҷакент ба макони нотакрори сайёҳӣ ва ҳунари тоҷикон  табдил меёбад
ШАҲРИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ. Панҷакент ба макони нотакрори сайёҳӣ ва ҳунари тоҷикон  табдил меёбад 26 ОКТЯБР-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Онҳо дар таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳим доранд
26 ОКТЯБР-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Онҳо дар таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳим доранд МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Аз заъфарон беш аз 300 номгӯй дору омода карда мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Аз заъфарон беш аз 300 номгӯй дору омода карда мешавад Чаро имсол дар Тоҷикистон истеҳсоли асал кам гардидааст?
Чаро имсол дар Тоҷикистон истеҳсоли асал кам гардидааст? 24 ОКТЯБР — РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Нақши он дар ҳимояти ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии кормандон назаррас аст
24 ОКТЯБР — РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Нақши он дар ҳимояти ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии кормандон назаррас аст Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» ҷамъбаст гардид Шаҳри Панҷакент расман «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» эътироф гардид
Шаҳри Панҷакент расман «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» эътироф гардид Ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» оғоз мегардад Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд КИТОБ-МУАРРИФИ ДАСТОВАРДҲОИ АДИБОН. Бардошт аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе»
КИТОБ-МУАРРИФИ ДАСТОВАРДҲОИ АДИБОН. Бардошт аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» 
									 
									 
									 
									 
									





