Имрӯз дастаи «Истиқлол» бо тими «Гоа»-и Ҳиндустон дар Лигаи дуюми чемпионҳои КФО-2025/26 бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 01.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ- дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе имрӯз, 1 октябр нахустин бозии хонагии худро дар даври гурӯҳии Лигаи дуюми чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар мавсими 2025/26 баргузор менамояд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, дастаи «Истиқлол» бо тими «Гоа» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозӣ мекунад. Оғози бозӣ соати 18:45 ба вақти Душанбе мебошад.
«Истиқлол» дар гурӯҳи «D»-и минтақаи Ғарб бозӣ мекунад, ки рақибони он дастаҳои «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Завроа» (Ироқ) ва «Гоа» (Ҳиндустон) мебошанд.
Бар асоси низомномаи мусобиқа, ду дастаи беҳтарини гурӯҳ ба даври плей-офф роҳ меёбанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд






