Имрӯз «Регар-ТадАЗ» аввалин бозиро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2025/26 баргузор мекунад
ДУШАНБЕ, 25.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ғолиби Ҷоми Тоҷикистон- бошгоҳи «Регар-ТадАЗ» оид ба футбол имрӯз, 25 октябр аввалин бозии худро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2025/26 анҷом медиҳад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастаи шаҳри Турсунзода бо «Мурас Юнайтед»-и Қирғизистон рақобат мекунад. Бозӣ дар варзишгоҳи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор шуда, соати 19:00 оғоз мешавад.
Ёдовар мешавем, ки «Регар-ТадАЗ» дар марҳилаи гурӯҳӣ бо дастаҳои «Мурас Юнайтед» (Қирғизистон), «Ал-Арабӣ» (Кувайт) ва «Сафо» (Лубнон) рақобат менамояд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






