Имсол ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 40 ҳазор сайёҳ ворид гардид
ДУШАНБЕ, 11.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон 41 ҳазору 614 сайёҳ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ду баробар зиёд аст. Даромад аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳон 20,4 миллион сомониро ташкил дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нодиртарин ҳунарҳои мардумӣ, анъанаю суннатҳои халқӣ, ҳунарҳои мухталиф ва маҳсули рангоранги дастии занон, либос, анвои таомҳои миллӣ ва ойинҳои зеботарину ҷолибтарин маҳфуз мондаанд, ки барои ҳар меҳмони хориҷӣ қобили таваҷҷуҳ мебошанд.
Рушди босуботи соҳаи сайёҳӣ дар вилоят метавонад ба эҷоди ҷойи нави кор, афзоиши даромади аҳолӣ, муаррифии имконоти табиӣ ва фарҳангии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ва пешбурди иқтисоди «сабз» мусоидат намояд.
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи сайёҳии вилоят имконияти бештар фароҳам овард. Кумакҳои бесобиқа ва маблағҳои зиёде, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳнамоӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат барои Бадахшон ҷудо мешаванд, дар муддати кӯтоҳ симои вилоятро ба куллӣ дигар намуда, шароит ва сатҳи зиндагии мардуми кӯҳистонро баланд бардоштанд.
Қисми зиёди сайёҳоне, ки ба Бадахшон омадаанд, аз Аврупо, Осиё, Амрико ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд. Ин далели он аст, ки ин минтақаи мамлакат барои сайёҳони хориҷӣ хеле ҷолиб мебошад.
Ба ин ҷо асосан нафароне меоянд, ки сайёҳии экологиро меписанданд. Онҳо алоҳида-алоҳида ё ду-сенафара бо дучарха саёҳат мекунанд. Дар баробари ин ҳамасола дар Тоҷикистон Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ баргузор мегардад, ки зимни он кӯҳнавардон аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон ба қуллаҳои баландтарини Бадахшон мебароянд.
Ҳамасола сайёҳону кӯҳнавардони зиёд қуллаҳои Исмоили Сомонӣ, Истиқлолият, Корженевский, Абуалӣ ибни Сино, пиряхҳои Ванҷях, Хирсон, кӯлҳои Қаракӯл, Сарез, Яшилкӯл, Бурункӯл, чашмаҳои шифобахши Ҷелондеҳ, Гармчашма, Авҷ, Бибӣ Фотимаи Заҳро, Модиён, Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мамнуъгоҳи «Зоркӯл» ва Боғи ботаникии Помирро тамошо менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст






